Бардошти Нуриддин Давронов аз дастаи "Слобода"
Футболбози 22-солаи тоҷик, ки соли 2012 унвони беҳтарин нимҳимоятгар дар Тоҷикистонро ба даст оварда буд, ҳоло бо бошгоҳи “Слобода Пойнт Севойно” шартнома бастааст.
Хабаргузориҳо мегӯянд, Нуриддин Давронов рӯзи 28-уми феврал ба Белград ва аз он ҷо ба Ужитса рафтааст. Ин футболбози тоҷик акнун таҳти рақами 10 дар ҳайати дастаи “Слобода” бозӣ хоҳад кард.