Имшаб "Регар-ТадАЗ" бо "Сафо"-и Лубнон вориди рақобат мешавад
“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода нахустин бозии худро дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар Бейрут бо дастаи “Сафо”-и Лубнон анҷом медиҳад.
Ин бозии гурӯҳи “А” буда шоми имрӯз 5-уми март, дар яке аз варзишгоҳҳои Бейрут баргузор мешавад.
Ҳайати дастаи “Регар-ТадАЗ” чунин аст:
Дарвозабонҳо - Алишер Додов, Фарҳод Юлдошев.
Ҳимоятгарон - Далерҷон Тухтасунов, Фаррух Чориев, Алексей Неъматов, Акмал Сабуров, Сафар Каримов, Баҳодур Азизов, Фрейтас Фабрисио.
Нимҳимоятгарон - Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Расул Файзов, Сантос Элтон, Сардорбек Эминов.
Ҳамлагарон - Шодибек Ғаффоров, Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов, Фирӯз Раҳматов.
Оғози бозӣ соати 17:00 ба вақти Лубнон ва соати 20:00 ба вақти Душанбе.