Бахши 1
Бахши 2Ботил аз ботил бирӯяд, ҳақ зи ҳақ!Бедил...Чи хеле мебинем, дониш ва таҷрибае, ки мо дар борааш ҳарф мезанем, яъне истиқлолият, дар мо нест ва ё ҳанӯз дар сатҳи идеяи ношинохта ҳаст. Ин ҷо ба таври мисол фаҳмиши истиқлолиятро дар Тоҷикистон овардем ва дар умум дар ҳама тарафҳои ҳаёт ҳамин ҳолати, бо забони Мавлоно, мурғро монда аз қафои сояи мурғ давиданҳо вуҷуд дорад.
Ин ҷо мо дар бораи сайёди шинохтаи воқеияти Тоҷикистон, қудрат ва зиёиёни наздик ба он, ҳарф мезанем, ки ба маризиҳои таърихӣ гирифтор шуда, масъалаҳои асосии ҷомеаи Тоҷиконро надида истодаанд. Имрӯз аз вазифаҳои бунёдии зиёиёни Тоҷик ва махсус онҳо, ки дар ва наздик ба қудрат ҳастанд, ин пеш аз ҳама (ҳоло ки зиёд дер нашудааст) дар ҷомеа ташкил кардани фазои мустаҳкаме барои амал кардани илм ва дониш буд ва ҳаст. Ин фазоест, ки имкон медиҳад, ҳам дониш ва илм истеҳсол кунем, ҳам сарвати мадании худро (фардҳоро) тақвият бахшем ва инчунин ҷомеаи донишбунёд дошта бошем. Ин фазоест ки имкони пайдо шудани зиёии миллиро дорад, яъне он чи фаротар аз фақат дониш гирифтан аст, он чи фаротар аз ёд гирифтани забонҳои хориҷисту интернет ва шиорзанӣ.
То ҷое Тоҷикистон дар давраи Шӯравӣ ба ҷомеаи донишбунёд ва истеҳсолкунандаи илм табдил ёфта буд, вале мутаассифона он сатҳ дигар нигоҳ дошта нашуд. Дуруст аст, ки бисёре аз олимон ин сарзаминро тарк карданд, бисёриҳо мурданд, вале имрӯз ҷавонон ҳастанд ва ҳанӯз ҳамон руҳи ҷустуҷӯ ва таҳқиқ дар вуҷуди мардуми Тоҷик вуҷуд дорад. Имрӯз ҷомеаҳои пешрафтаи дунё бо илм, дониш ва таҷриба роҳбар шуда истодаанд ва ҳамаи ин истилоҳҳои “ҷомеаи технологӣ” (Berger), “ҷомеаи информатсионӣ” ё хабарбунёд (на ғайбатбунёд) (Lyotard, Beniger), “ҷомеаи донишбунёд” ( Bell, Drucker) ба ин далолат мекунанд. Инро бояд қайд кард, ки бо дониш ва таҷрибаи гузаштаи худ мо метавонем ҷомеаи фарқунандаи хешро дошта бошем. Ҷомеа имрӯз чи гуна буданаш ба он вобаста аст, ки барои барномаҳои илмии лабораторияҳо чи қадар сармоя сарф мешавад ва илму дониш чи қадар ба истеҳсолот ба ҳаёт наздик мешавад.
Вале монеаи амалӣ шудани ин барнома ин аст, ки зиёиёни дар ва ё ба қудрат наздик, ба ҷои ба дониши асл такя кардан ва ин корҳои бунёдиро анҷом додан, бештар ба сиёсатбозиҳои ҷомеа дода мешаванд ва фаромӯш мекунанд, ки давлат ва ҳукумат вазифаи баландтаре доранд аз он ки мухолифи шахсу ҳизбе ё гуруҳе дар ҷомеа бошанд. Яъне, ҳукумат ва институтҳои ҳукуматӣ моли шахсе ва ё ҳизбе нестанд, балки ин сатҳест, ки болои ҳақиқат (арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо), волоияти қонун ва молу сарвати ин мардум бунёд ёфтааст ва амал мекунад. Кадом гурўҳи сиёсие, ки ба қудрат меояд, бояд сазовор будани худро ба ин мақом исбот карда тавонад ва боварии тамоми Тоҷиконро ба даст орад. Қудрати бо ҳақиқат ва дониши равшан мусаллаҳ дар сиёсати байналхалқӣ имкони гуфтугӯи баробарро пайдо мекунад ва ин ҳолати дар батни ҷомеаи худ душман сохтан аз байн меравад.
Фикр мекунам, дунёи Тоҷик нав оғоз мешавад ва имрӯз то ба бозиҳои сиёсӣ машғул шудан, ҳар як фард ва гурӯҳи огоҳи Тоҷик бояд бо бозии шинохт (роҳҳои таҳқиқ ва ҷустуҷӯ), ба бозии ҳақиқат машғул бошад. Масъалаи шинохт, яъне мусаллаҳ будан бо дониши замонавии фаҳмидани худ ва дигарон дар дунёи имрӯза бояд дар кӯдакистонҳо, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо масъалаи асосӣ гардад. Бо мустаҳкам кардани фарҳанги ақлонӣ ва шинохт дар ҷомеа мо метавонем соҳиби ҷомеаи донишбунёд ва истеҳсолкунандаи дониш шавем. Рӯҳи илм ва таҳқиқот, ки дар замони Шӯравӣ дар пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои мо ҳукмрон буд, бояд аз нав зинда шавад. Дар улуми иҷтимоӣ ва инсонӣ роҳҳои шинохт ва назарияҳо куҳна шудаанд. Ин ҷо ҳамеша дар ҷустуҷуи роҳҳо ва назарияҳои навини худӣ ва дигарон бояд буд, то бидонем, ки мардум аслан чи гуна таҷрибаҳои ҳаётиро аз сар мегузаронанд. Ҳаёт ва мардум набояд дар хидмати идеяҳо бошанд, балки баръакс ин арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо бояд ҳаёти осуда ва бехатари мардумро таъмин намоянд. Вале бо ин рафторе, ки мо дорем, олимони имрӯзаи мо хатои муллоҳои дирӯзаи моро такрор мекунанд ва яқин олимони фардои мо дар ҳолати муллоҳои имрӯзаи мо хоҳанд буд...
Меҳмоншо ШАРИФЗОДА,
докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия