Димишқ ширкати Иттиҳодияи арабро дар ҳалли буҳрони Сурия рад кард
Вазорати хориҷаи Сурия дар баёнияе эълон кард, ки дар сояи сиёсатҳои ҷонибдоронаи Иттиҳодияи араб, ки аз Қатар ва Арабистон хат мегирад, Димишқ бо ҳар гуна тарҳ ва нақши Иттиҳодияи Араб барои ҳалли мусолиматомези буҳрони Сурия, мухолиф аст.
Ба гузориши Форс, ба нақл аз хабаргузории Сурия (Соно), вазорати хориҷаи Сурия дар вокуниш ба дархости Иттиҳодияи араб аз эътилофи мухолифон барои ташкили ҳайъати иҷроӣ, ки курсии Сурияро дар Иттиҳодияи Араб дар ихтиёр бигирад, баёнияе содир кард.
Дар ин баёния омада аст: Ҷумҳурии арабии Сурия бар мавзеъи собити худ таъкид мекунад ва намехоҳад, ки Иттиҳодияи араб дар сояи сиёсатҳои ҷонибдоронааш, нақше дар ҳар тарҳ ва ё талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мусолиматомези буҳрони Сурия дошта бошад. Иттиҳодияи араб мавзеъи сиёсӣ ва ҷонибдоронаи кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ва дар садри он Қатар ва Арабистонро дунбол мекунад, бинобар ин наметавонад тарафи шарик дар ҳалли сиёсӣ ва воқеии буҳрони Сурия маҳсуб шавад, ки хостаи бештари мардуми ин кишвар бошад.
Вазорати хориҷаи Сурия мегӯяд Иттиҳодияи араб интихоб кардааст, ки аз тарафҳои арабӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ, ки хоҳони дахолати низомӣ дар Сурия ҳастанд, ҷонибдорӣ кунад ва барои ҳар гуна роҳи ҳалли сиёсӣ бар асоси гуфтугуи миллӣ монеатарошӣ мекунд ва тарафҳое аз мухолифони Сурия ва ҳамчунин гуруҳакҳои террористӣ, ки барои буҳронӣ кардани авзоъи Сурия кор мекунанд, таҳрик карда ва ба онҳо пул медиҳад. Димишқ таъкид кардааст, мавзеъи Иттиҳодияи араб ва бархе кишварҳои кучаки арабӣ, давлати Сурияро аз идомаи ҳамкориҳои мусбат бо талошҳои байналмилалии созанда, боз намедорад ва ба масъулият ва нақши миллии худ дар эҷоди амният ва субот дар кишвар, идома медиҳад.