Ҳимояти Бердимуҳаммедов аз тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон, дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ кардааст.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои туркман, Бердимуҳаммедов, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҳукумати Туркманистон ташаббуси Душанберо оиди сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.
Ин изҳороти Бердимуҳаммедов дар ҳолест, ки аввали моҳи равон зимни сафари мақомоти қирғиз ба Душанбе маълум гардид, ки Тоҷикистон аз лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Эрон дар канор мондааст ва акнун ба ҷои Тоҷикистон дар ин лоиҳа Узбакистон ширкат хоҳад кард.