Шабдолов: Чаро ширкатеро аз андоз озод намоем, ки кори мардумро мушкил мекунад?
Парлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми март бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспрес” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард.
Бар пояи ин қарори парлумон, “Осиё Экспресс” бе пардохти 7 миллион сомонии боҷи гумрукию андоз ба Тоҷикистон 40 сабукрави "Тойота кемри" ва 20 автобсусро ворид мекунад.
Зимни баррасӣ Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон аз Руҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар, ки ин қарорро муаррифӣ мекард, пурсид, ба чӣ далеле ҳукумат ва парлумон бояд ба “Осиё Экспресс” ин имтиёзҳоро ироа кунад? Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи мушоҳидаҳо хизматрасонии ширкати мазкур ба маротиб гаронтар аст: “Ҷое, ки бо 3 сомонӣ мерафтем, таксиҳои “Осиё Эскпрес” ба ивази 25 сомонӣ мебаранд. Пас, суоле ба вуҷуд меояд, чаро ба чунин ширкатҳое, ки ба мардум ба ҷои сабукӣ вазнинӣ меоранд, имтиёз медиҳем?”
Руҳулло Ҳакимов дар ҷавоб ба Шабдолов изҳор дошт, ҳадафи аслӣ аз ироаи чунин имтиёзҳо дастгирии соҳибкорон ташкили ҷои кор ва чалби сармоягузорӣ мебошад.
Тибқи иттилои расмӣ ширкати “Осиё Экспрес” барои таъмиру навсозии бинои "Автовокзал"-и Душанбе 140 миллион сомонӣ харҷ кардааст ва барои анҷоми корҳои боқимонда 70 миллион сомонии дигар харҷ хоҳад шуд. Моҳи октябри соли гузашта низ Маҷлиси Намояндагон як қисми таҷҳизоте, ки ин ширкат аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид карда буд, аз андоз озод намуд. Он вақт Рӯҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, гуфта буд, ки ҳукумат аз 40 автобуси воридкардаи ин ширкат танҳо 20 адади онро аз молиёт ва боҷи гумрукӣ озод кардааст 5 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.