7 хонандаи литсей барои ҷои аввал мубориза мебарад
Хонандаҳои литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ барои дарёфти мақоми аввал дар озмуни қироати шеър ҳунарнамоӣ мекунанд.
Қурай Бурал, мудири кулли литсей-интернатҳои муштарки тоҷикӣ- туркӣ ба “Озодагон” гуфт, озмуни мазкур соати 19:15-и имрӯз, 22-юми март дар маркази Вафо оғоз меёбад.
Ба қавли номбурда ин марҳилаи сеюм ва ниҳойии озмун аст. Дар ду марҳилаи аввал 300 хонандаи литсей-интернаҳои муштарки тоҷикӣ-туркӣ ширкат намуданд. “Ҳайати доварон, ки иборат аз шоир ва нависандаҳо буданд, 7 иштирокчии беҳтаринро интихоб карданд ва имрӯз ғолиби сабқат маълум мегардад”.