Масъалаи биноҳои баландошёнаи Душанбе ва хизматрасонӣ дар онҳо матраҳ шуд
Рушди бозори хизматрасонӣ оид ба идоракунии касбии манзил мавриди баррасии коршиносони соҳа қарор гирифт.
Зимни як нишасти созмонёфта, ки дар ассотсиятсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон баргузор шуд, як қатор намояндагони марбут ба ин соҳа, аз қабили масъулини иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, намояндагони ассотсиятсияи мазкур ширкат намуданд. Дар ҳамойиш масъалаи биноҳои баландошёна ва тарзи хизматрасонӣ дар онҳо ҳамчун объекти пешбурди тиҷорат ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба нигаҳдорӣ, таъмир ва сохтмон, идоракунии комплекси амволи ғайриманқул ба риштаи таҳлил гирифта шуд.
Тавре ба «Озодагон» масъулини ин тарҳ иттилоъ доданд, дар ин нишаст коршиносони иттифоқи истеъмолкунандагон оиди имкониятҳо ва зарфиятҳои тиҷоратӣ дар соҳа, паҳлӯи меъёри ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии пешбурди тиҷорат дар соҳаи идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, маълумотҳои дақиқ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, дар ин мулоқот қисмҳои 3-юм ва 4-уми китобҳои иттифоқи истеъмолкунадагони Тоҷикистон «Ислоҳоти идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ», ки бевосита ба тарзҳои нави идоракунӣ ва идоракунии касбии биноҳои бисёрхонагӣ бахшида шудаанд , намоиш ва тақсим карда шудаанд. {jathumbnail off}