Фейсбукиён ба ҷустуҷӯи Малика ва Сабина баромадаанд
Як гурӯҳ аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба ҷустуҷӯи ду амакбача --Малика ва Сабина баромадаанд. 25-уми марти соли ҷорӣ Cабина ва Малика Араловаи 4 ва 5-сола аз назди манзилашон дар назди “Садбарг” (шаҳри Душанбе) нопадид шудаанд. Бино бар гуфтаи волидони онҳо, охирин бор Малика ва Сабинаро тақрибан соатҳои 16 дар назди ҳавлӣ дидаанд.
Хабари нопадид шудани Малика ва Сабина дар шабакаҳои ичтимоӣ боиси баҳсу нигаронии сокинони Душанбе гардидааст. Ҳамакнун барои пайдо кардани духтарон як гурӯҳи ихтиёрон дар шабакаи “Фейсбук” таъсис ёфтааст.
То ҳоло 75 истифодабарандаи ин шабакаи иҷтимоӣ барои пайдо намудани ин духтарон изҳори омодагӣ кардаанд. Бино бар иттилоъи ин гурӯҳ, хоҳишмандон дар назди “Садбарг” соатҳои 13-00 ҷамъ шуда, барои ҷустуҷӯ шурӯъ кардаанд.