Оғози ҷаласаи вазирони хориҷии Осиё дар Душанбе
Имрӯз, 28-уми март, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё оғоз шуда, то 29-уми март идома хоҳад дошт.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин ҷаласа ҳайатҳои ҳамаи 32 кишвари Осиё, ширкат хоҳанд варзид: «Аз ҷумла, ба ҳайатҳои 12 кишвар вазирони корҳои хориҷӣ ва 9 кишвар муовинони вазирони корҳои хориҷӣ роҳбарӣ мекунанд.»
Имруз матни ниҳоии санади ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО – “Эъломияи Душанбе” ҳамоҳанг мегардад. 29 март дар “Кохи Сомон” чорабинии асосии ин ҳамоиши байналмилалӣ – ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО баргузор хоҳад шуд.
Дар оғози ҷаласа дар назар аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунад.