100-мошини пур аз китобу мусаввара ба Душанбе ворид гардидааст
Маросими тақдими китобҳо аз ҷониби маорифчиёни Тоҷикистон ба китобхонаи миллии кишвар идома дорад.
Тавре ба «Озодагон» Ноилшо Нуралиев, котиби матбуотии вазорати маориф иттилоъ дод, дар ин чоарбинӣ вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини нахуствазири Тоҷикистон бону Руқия Атоева иштирок доранд. Бино ба қавли ӯ, то ҳамин соат аз тарафи вазорати маориф ба китобхона 14-ҳазор , аз сӯи донишгоҳи милли Тоҷикистон 41- ҳазор, аз ҷониби донишгоҳи омӯзгорӣ 15-ҳазор нусха китоб супорида шуд.
Манбаъ афзуд,дар ҳоли ҳозир тақдими китобҳо аз тарафи дигар донишгоҳу муасиссаҳои касбию таълимӣ идома дорад. Аз 100 мошини воридгаштаи китоб, 80-тои он аз бор холӣ шуда, 20-нақлиёти дигар то қабл аз зӯҳри имрӯз китобҳоро тақдим хоҳанд кард. Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маорифчиён зиёда аз 350 ҳазор нусха китобҳоро барои тӯҳфа пешниҳод карданд. Китобу мусаввара ва ашёву адабиёт ба таври ихтиёрӣ ҷамъоварӣ гардида, аҳли маорифчиёни Тоҷикистон тасмим доранд, дар маҷмӯъ ҳудуди 1 миллион нусха китоб ба китобхонаи миллӣ тақдим намоянд, гуфт Нуралиев. {jathumbnail off}