Як масъули «Ориёнбонк» аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт гардидааст
Сафармад Рустамов, маъруф бо тахаллуси «Кабут», ҳамзамон сардори бахши «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи ҷумъаи 1-уми июл аз ҷониби кормандони кумитаи амният дар манзили зисташ боздошт гардид.
Нуруллоҳ Рустамов, бародари ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, «баъди дастгир шудани Сафармад телефонии мобилиаш аз кор монд ва алъон дар куҷо будани ӯро намедонад, аммо муайянамон гардид, ки ҳамон бегоҳ Сафармадро ба шаҳри Душанбе бурдаанд».
Гуфта мешавад, боздошти Сафармад Рустамов, чеҳраи шинохта дар минтақа сару садоро миёни сокинони шаҳри Кӯлоб оид ба дастгиршавии ӯ ба вуҷуд овардааст, сокинони шаҳр хулосаҳои гуногун мебароранд. Баъзеҳо бар онанд, ки ўро бо ҷурми «сардори фанатҳои клуби футбол» буданаш боздошт кардаанд, инчунин тахмин мекунанд, ки барои ҷурмҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ ва фурӯши маҳсулоти давлатӣ ошкор кардаву дастгираш намуда, бо моддаи 185 (ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунӣ) муттаҳамаш медонанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти додситонӣ, шӯъбаи корҳои дохила ва суди минтақаи Кӯлоб дар мавриди боздошти Сафармад Рустамов, мулаққаб ба «Кабут» изҳори беиттилоӣ карда гуфтанд, шарҳи мавзӯъ ба салоҳияти кумитаи амният аст. {jathumbnail off}