Додгоҳ миллатгароёни кӯҳансолро барои абадӣ ба зиндон равон кард
Дар толори додгоҳи низомии шаҳри Веронаи Италия мурофиаи 9 тан аз афсарони миллатгарои олмонӣ, ки дар қатли 140 шаҳрванд даст доштанд, давоми 11 соат идома кард.
Гуфта мешавад, ин афрод ҳанӯз дар соли 1944, замони ҷанги дуюми ҷаҳон ҷиноят содир карда буданд, ҳарчанд аз он вақт то имрӯз 67-сол сипарӣ шуда бошад ҳам, онҳо дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Бо ҳукми суди Верона, фашистони миллатгаро, ки аалъон 80 то 90-сол умр доранд, барои абад аз озодӣ маҳрум гаштанд.Тибқи иттилои расида, инҳо: собиқ сержант Вилгелм Карл Старки 90 -сола , лейтенант Фердинанд Остерхауси 93- сола , капитан Ҳелмут Оденвалд 91- сола , Ҳерберт Вилкеи 92- сола, Эрик Коппеи 91, Ҳанс Георг Карл Винклер ва Карл Фредерик Мессии 80-сола мебошанд. Аммо се низомии кӯҳансоли миллатгарои дигар давоми ҳафт моҳи идомаи мурофиа бо марги табиӣ ҷон доданд. Маврид ба ёдоварист, мурофиаи додгоҳии фашистони миллатгаро моҳи ноябри соли 2010 оғоз гардида, имрӯз 7-уми июл анҷом ёфт.{jathumbnail off}