Алоъ ал-Ҳадидӣ дар Душанбе бо Зоҳидов дидору гуфтушунид кард
Масоили марбут ба фарҳангу маориф дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз департаменти иттилоотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар доданд, дар робита ба ин зӯҳри дирӯз мулоқоти Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷаи ҷумҳурӣ бо ҷонишини вазири корҳои хориҷии ҷумхурии Мисри Араб оид ба муносибатҳои фархангӣ ва ҳамзамон, сафири ғайримуқими ин давлат дар Тоҷикистон Алоъ ал-Ҳадидӣ сурат пазируфт.Зимни нишаст, масоили дурнамои рушди муносиботи дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои манфиатовар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, маориф, тиҷорат ва иқтисодиёт матраҳ гардиданд. {jathumbnail off}