ВКД мегӯяд, дар бораи “митинги 17 апрел” чизе намедонад
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи “митинги 17 апрел” дар майдони Исмоили Сомонии пойтахт чизе намедонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, то кунун касе дар ин бора муроҷиат накардаву дар бораи баргузории гирдиҳамоӣ низ иҷоза нахостааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД, ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, аз ин тазоҳуроте, ки эълонаш дар шабакаи Фейсбук рафтаву санаи баргузорияш 17 апрел нишон дода шудааст, иттилоъ надорад. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, низ дар бораи баргузории чунин як гирдиҳамоӣ изҳори бехабарӣ кард.
Чанд рӯз қабл гурӯҳе аз корбарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мардумро рӯзи 17 апрел барои баргузории гирдиҳамоӣ ба майдони Исмоили Сомонӣ хонданд. Дар акси таблиғотии ин гурӯҳ гуфта шудааст, ки гирдиҳамоӣ ба хотири наҷоти мардуми азияткашидаи тоҷик баргузор хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, барои баргузории ҳар гуна гирдиҳамоӣ бояд иҷозаи расмӣ гирифта шавад. Аммо ахиран ду гирдиҳамоӣ дар назди бинои сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал алайҳи раҳоии Абдулмалик Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳе дар Киев баргузор шуд, ки иҷозаи расмӣ надоштанд. Мақомот гуфтанд, масъулони баргузории ин гирдиҳамоии беиҷоза ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.
Дар акс: Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон