Оғози марҳилаи ниҳоии бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон
Бегоҳи 16-уми апрел дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозиҳои варзишӣ миёни наврасон аз рӯи 8 навъи варзиш -- варзиши сабук, вазнбардорӣ, таэквондо-ВТФ, бокс, гӯштии дзюдо, тарзи озод, юнону румӣ ва гӯштии самбо сурат хоҳад гирифт.
Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон “рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, муайян намудани беҳтарин варзишгарон дар кишвар” арзёбӣ мешавад.
Ғолибону ҷоизадорон аз рӯи 8 намуд дар ҷамъбасти бозиҳо бо диплому тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон қадр карда мешаванд.