ҲХДТ номзадашро расман моҳи август эълон хоҳад кард
Масъулони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мегӯянд, ҳоло барои баргузории Анҷумани ин ҳизб омодагӣ доранд, ки қарор аст, моҳи августи соли ҷорӣ баргузор гардад. Усмон Солеҳ, як масули ҲХДТ, ба “Озодагон” гуфт, “дар ин анҷуман номзади худро эълон ва муаррифӣ хоҳем кард. Анҷуман 3 моҳ қабл то баргузории интихобот, яъне дар моҳи август, баргузор мегардад.”
Мусоҳиби мо мегӯяд, онҳо ҳамчунин ба таҳияи барномаи қабл аз интихоботии номзади ҲХДТ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон машғуланд. Ба қавли ӯ, онҳо ба кулли созмонҳои ҳизбӣ дастур додаанд, ки “ниёзҳо, камбуд ва арзу доди мардумро” фаҳманд ва якҷоя бо ҳукуматҳои маҳаллӣ роҳи ҳалли мушкили сокинонро пайдо намоянд.
Усмон Солеҳ ёдовар шуд, ки дар ҳамин шабу рӯз аъзои ҲХДТ ба 210 ҳазор расида ва раванди аъзошавӣ ба ин ҳизб дар ҳоли афзоиш аст: “Як тенденсия, як анъанае ҳаст, ки ба таври анъанавӣ ба ҳизби мо аъзо мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки нуфузи ҳизби мо миёни мардум зиёд мегардад.”
Аз миёни 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ҳоло танҳо ҲХДТ эълом кардааст, ки дар интихоботи президентӣ бо номзади худ вориди сабқат хоҳад шуд. Аҳзоби дигар бештар рӯи тағйири қонуни интихобот пофишорӣ карда, то ҳоло нагуфтаанд, ки ба чи шакл дар ин интихобот иштирок хоҳанд кард. Қарор аст, интихоботи президентии Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад.