Коршиноси рус: Бунёди нерӯгоҳҳо Узбакистонро беоб нахоҳад гузошт
Як коршиноси рус аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Қамбарота-1” дар Қирғизистон истиқбол карда, онро ба манфиати Узбакистону Қазоқистон донистааст.
Расонаҳои русӣ аз қавли Алексей Зурянов, коршиноси масоили минтақаӣ, навиштаанд, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-1 дар Қирғизистон ба нафъи Узбакистону Қазоқистон буда, сарчашмаи манобеи обии ин ду кишвар дар тамоми фаслҳои сол хоҳад шуд.
Ба қавли ин коршиноси рус, мухолифати Узбакистон бо сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 асосе надорад. Зеро дар сурати бунёд гардидани ин гуна нерӯгоҳҳои барқӣ ҳеч мушкилоти обие дар минтақа, аз ҷумла Сирдарё ба миён нахоҳад омад.
Алексей Зурянов гуфтааст, ин суханони ӯ дар асоси ҳамон хулосабарории пажӯҳиши давраи Шӯравист, ки дар мавриди тарҳҳои Қамбарота-1 ва Қамбарота-2 гузаронида шудааст.