Раҳмон ба навсозии техникаи роҳи оҳани Тоҷикистон қазоқҳоро ҷалб мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми апрел, дар мулоқот бо президенти ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон, Аскар Мамин, масъалаи навсозии техникаю таҷҳизоти роҳи оҳани Тоҷикистонро ба миён гузоштааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, баробари навсозии техникаю таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон ҷонибҳо инчунин ба омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Аз ҷумла зикр гардидааст, ки то имрӯз ба Тоҷикистон аз Қазоқистон 4 локомотив дастрас гардида, доир ба харидории 8-тои дигар қарордод ба имзо расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Аскар Мамин доир ба рафтуомади бемонеаи қаторҳои роҳи оҳан, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар масири ҳаракати онҳо низ табодули афкор кардаанд.