Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба номаи бози Сангалӣ Раҳимов, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар бораи вазъи бади бемориони рӯҳи посух додааст. Ва, инак, ин нома:
“Ба редаксияи ҳафтаномаи “Озодагон”
Вазорати тандурустии Тоҷикистон вобаста ба номаи кушоди Сангалӣ Раҳимов, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, ба номи Носири Хисрав ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъияти бади бемориҳои рӯҳӣ чунин иттилоъ медиҳад:
Дар ҷумҳурӣ барои хизмат расонидан ба беморони рӯҳӣ 137 табиби равоншинос фаъолият мекунанд ва қайд кардан лозим аст, яке аз соҳаҳое, ки назари Вазорати тандурустӣ ба он нигаронида шудааст, ин соҳаи бемориҳои рӯҳӣ мебошад. Дар мақола омадааст, собиқ Директори маркази бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон Назаров Алиҷон ягона номзади илм дар ин соҳа мебошад, ки ин куллан хатост.
Дар ин соҳа дар ҷумҳурӣ 2 доктори илм, 6 номзади илм ҳастанд ва 1 нафари дигар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ мебошад. Худи Назаров Алиҷон қариб ду сол аст, ки ба фаъолияти хусусӣ машғул аст ва аз дигаргуниҳои соҳа бехабар мебошад.
Дар тамоми ҷумҳурӣ ташхис ва табобати бемориҳои рӯҳӣ ба пуррагӣ ройгон аст ва дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа доруворӣ ба пуррагӣ мерасад.
Як чизи дигарро қайд кардан лозим аст, ки дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳа 8 баробар зиёд шудааст, инчунин аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии Амрико, “ҲОУП” дар давоми панҷ соли охир миқдори зарурии дорувории психотропӣ ба ҳамаи муассисаҳои соҳа ройгон дастрас карда шудааст.
Табобати бемориҳои рӯҳӣ дар хона бояд аз тарафи хешу табор ба амал бароварда шавад.”
Сармутахассиси соҳаи беориҳои равонӣ,
Қунғуротов Х.Қ