Рӯҳонии шинохта: "Аз Wi-Fi бе иҷоза истифода накунед"
Эшони Нуриддин, аз руҳониёни шинохтаи Тоҷикистон, ворид шудан ба Интернет тариқи Wi-Fi-ро бидуни иҷозаи соҳибонашон раво надонистааст.
Ӯ дар ин маврид дар посух ба суоли яке аз хонандагони торнома ё сайти turajon.org ҳарф задааст. Эшони Нуриддин гуфта, ки “агар соҳиби он иҷоза дода бошад, ё барои истифодаи умум боз монда бошад, дар ин сурат аз он истифода бурдан ҷоиз аст. Албатта, барои корҳои нек. Вале дар ғайри сурат, яъне Шумо бо роҳи тақаллубӣ дохили он шуда истифода баред, ҷоиз нест. Зеро ин ҳаққи шахсии ӯ маҳсуб меёбад.”
Солҳои охир дар Тоҷикистон истифода аз Интернет тариқи Wi-Fi дар ҳоли рушд аст. Ҳоло аксари тарабхонаву қаҳвахона ва бархе аз корхонаҳо аз чунин навъи интернет истифода карда, ба муштариёнашон ҳам имкон медиҳанд, аз он ройгон (бепул) истифода намоянд. Дар ин ҳолат муштариён қабл аз вуруд ба интернет маҷбур мешаванд аз соҳибони тарабхонаву қаҳвахонаҳо аввал калиди махсуси ворид шудан ба интернетро пурсида, сипас, вориди он шаванд.
Аммо баъзе аз сокинону идораҳо, ки роҳи идораи Wi-Fi-ро намедонанд, ба ҳамсоя ва дигар афрод имкон медиҳанд, ки бидуни иҷоза ва калиди хосе аз интернети онҳо истифода баранд.