Шикасти навбатии “Равшан” аз “Ал-Рамза” бо ҳисоби 0:5
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон оид ба футбол -- “Равшан”-и Кӯлоб аз тими “Ал-рамза”-и Урдун бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 шоми 23-юми апрел дар варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Абдуллоҳ дар Уммон баргузор гардид.
Дастаи “Равшан” чор бозии гузаштаро дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 низ бохта буд.