Парлумони тоҷик депутатҳои русро ба риояи одоб даъват кард
Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 24-уми апрел муроҷиатнома ба Думаи давлатӣ дар робита ба изҳороти ахири бархе аз мақомдорони Русияро қабул карданд.
Дар ин матни муроҷиатнома аз изҳороти Владимир Жириновский, вакили Думаи давлатӣ, дар бораи муҳоҷирони тоҷику президент Эмомалӣ Раҳмон ва бархӯрди Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия, бо қаторҳои ин кишвар изҳори нигаронӣ шудааст.
Дар муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, "боиси изтироби махсус мебошад, ки баъзе шахсони баландмартаба, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия дар ҳаққи Тоҷикистон ва шаҳрвандони он дар воситаҳои ахбори оммаи Россия борҳо маълумоти нодуруст изҳор мекунанд. Суханронии таҳқиромез ва бадбинонаи В. Жириновский, ки аз ҷумлаи арбобони баланпояи сиёсии Россия ба ҳисоб меравад, дар ҳаққи халқи тоҷик ва Президенти мо ба рӯҳияи дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории стратегии ду кишвар мутлақо мухолиф мебошад. Мо, албатта, гуногунандешии сиёсиро ҳамчун рукни муҳими ҷомеаи демократӣ эътироф мекунем, вале авомфиребии гузаро бо озодии афкор ҳеҷ умумияте надошта, балки бо поймол кардани ҳуқуқи инсон сахт алоқаманд аст. Ин гуна дурӯғбофиҳои сиёсӣ на танҳо ба ҳиссиёти неки инсонӣ, балки ба муносибатҳои байни ду кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна сафсаттаҳои бепояи хусуматомези баъзе сиёсатмадорони Россияро дар ҳаққи шаҳрвандон ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян маҳкум менамоянд ва ҳамтоёни худро аз Думаи Давлатии Россия даъват менамоянд, ки дар суханрониҳои оммавии худ одоби муоширатро риоя кунанд."
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, субҳи 24-уми апрел, қабл аз оғози ҷаласаи парлумон, изҳороти ахири Жириновскиро мухолифи равобити дӯстонаи Маскаву Душанбе унвон кард. Вай аз вакилон хоста буд, то баҳси Жириновский низ ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуда, вакилон ба ҳамтоёни руси худ муроҷиатнома бинависанд.
“Ҳарчанд мо Русияро расман шарики стратегӣ меҳисобем, мутаассифона, тавассути нашрия ва телевизионҳои давлатии ин кишвар мақолаву гуфтугӯҳое пахш мешаванд, ки зидди муносибатҳои дӯстонаи моянд”,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров. Ӯ илова кард, ки суҳбати ахири Жириновский дар бораи муҳоҷирони тоҷик ва ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон “ба ягон меъёри одоби сиёсат рост намеояд”.