“Регар-ТадАЗ” аз “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд
Дастаи "Регар-ТадАЗ", имрӯз, 24-уми апрел дар сабқат бо "Сафо"-и Лубнон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:3 шикат хӯрд. Ин бозии панҷуми даври гуруҳии Ҷоми AFC-2013, дар гуруҳи “А” буд, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.
Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ" аввалин бозии даври гуруҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гуруҳи “А” дар сафар бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” се бозии дигарашро дар ин гуруҳ бохтааст.
Пас аз анҷоми чор давари бозҳо дари ин гурӯҳ, дастаи “Кувейт” (Кувейт) бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо 6 имтиёз дуввум, “Сафо”-и Ливан бо 4 имтиёз севум ва “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз дар зинаи охирон қарор дорад.
Бозии дигари ин гуруҳ миёни дастаҳои “Кувейт” (Кувейт) – “Ал-Риффа” (Баҳрайн) баргузор мегардад.