Рӯзномаи арабизабони «Аш-Шарқ ул-Авсат» мусоҳибаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо хабарнигори Оҷонсии матбуотии Саудӣ (SPA) интишор кардааст.
Дар ин мусоҳиба райисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ, инчунин масоили минтақавию байналмилалӣ изҳори назар намудааст. Рӯзномаи «Аш-Шарқ ул-Авсат» яке аз нашрияҳои бонуфузтарини ҷаҳони араб буда, дафтари кории он дар Лондон ҷойгир аст ва дар Арабистони Саудӣ, Марокаш, Миср, Лубнон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Олмон, Испания, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо теъдоди зиёд нашр мешавад. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷӯҳи васоити ахбори умуми Арабистони Саудӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, рӯзномаи расмии «Ар-Риёз» аз мӯҳтавои мусоҳиба дар ҳаҷми як саҳифа гузориш омода карда, ҷаридаи «Ал-Явм» нашри навбатии худро бо он шурӯъ намудааст.{jathumbnail off}