Шишковский донишҷӯёни лаёқатмандро ба «МегаФон» даъват кард
Андрей Шишковский, мудири иҷроияи ширкати «МегаФон» ғолибони озмуни “Мегафорум”-ро барои коромӯзӣ ба ширкаташон даъват кардааст.
Дар ин озмун бояд аз донишгоҳҳои калони кишвар, тарроҳии вебгоҳе таҳти унвони «МегаДонишҷӯ»-ро таҳия мекарданд, ки барои донишҷӯён, довталабон, падару модар ва устодон муфиду ҷолиб бошад.
Шишковский ҳамаи тарҳҳои пешниҳодшударо ҳирфаӣ унвон карда, афзуд, “мо тасмим гирифтем, ки ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи тимҳо, ба онон мизбонии веб (webhosting)-и ройгонро барои вебгоҳҳои омодакардаашон пешниҳод кунем. Ҳамин тариқ, баъид нест, ки дар ояндаи наздик мо кори ширкаткунандагонро на танҳо зимни муъаррифӣ ҳохоҳем дид, балки ҳамчунин шоҳиди иҷрои онҳо хоҳем шуд. Ба ғайр аз ин, ҳамаи ширкаткунандагон имкон доранд дар ширкати мо ба коромӯзӣ машғул ва ба маҳзи фароғат аз таҳсил барояшон кор фароҳам хоҳад шуд».
Ба тимҳое, ки ҷойҳои 4, 5 ва 6-ро касб карданд, 1000 Мб трофики ройгони интернетӣ ҳадя шуд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ барои касби ҷойи 3-ум, соҳиби SIM-кортҳои дорои шумораҳои нуқрагӣ гардиданд. Ба донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, ки ҷойи 2-умро касб карданд, мудемҳои 3G-и 21 Мб/с ва 3 000 Мб трофики ройгони интернетӣ ҳадя шуд. Барои ҷойи аввал– Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ҷадидтарин телефунҳои ҳушманд эҳдо гардид.
Бозоралӣ Одинаев, муовини вазири маорифи ҶТ зимни ҷамъбасти озмун гуфтааст, «аз рӯйи сатҳи омодашавии муаррифии донишҷӯён, метавон гуфт, ки донишҷӯён нисбати ин қабил чорабиниҳо мароқи бузург зоҳир мекунанд. Донишҷӯёни муосир ҳаҷми бузурги иттилоъотро асосан аз тариқи интернет ба даст меоранд, бинобар ин, банда мутмаиннам, китарҳҳои омодакардаииштирокчиёни «МегаФорум» ҳатман дар амал татбиқ карда шуда, таҷрибае, ки донишҷӯён ҳангоми коромӯзӣ дар «МегаФон» ба даст меоранд, барои онҳо фоидаовар хоҳад буд.»