Табодули мол миёни Тоҷикистону Шинҷон ба 1 миллиарду 100 миллион доллар баробар шуд
Аз 13 то 15 -уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи "Молҳои содиротии ноҳияи мухтори Шинҷон (Синзяну Уйғур) -и Чин" баргузор хоҳад шуд.
Асаналӣ Карамалиев, муовини сардори палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни муаррифии пешакии ин намоишгоҳ гуфт, мақсад аз баргузории он- роҳандозии робитаҳои корӣ миёни сохибкорони тоҷику чинӣ ва ҷалби сармояи Хитой ба Тоҷикистон аст.
Дар назар аст, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти зиёда аз 50 ширкати чинӣ ба маърази тамошо гузошта шавад. Муталлиб Саидӣ, муовини сардори департаменти савдои наздисарҳадии ноҳияи худмухтори Шинҷон бар ин назар аст, ки дар натиҷаи чунин намоишҳо робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону ноҳияи Шинҷон густариш ёфтанд. Ӯ далел меорад, ки соли гузашта хаҷми додугирифт миёни Точикистону Шинҷон ба 1 миллиарду 100 миллион доллар баробар шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2009 -ум 24 фоиз зиёд аст. Дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ бошад, гардиши мол миён Тоҷикистону минтақаи Шинҷон 310 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 47 фоиз бештар аст.
Дар намоишгоҳи имсола, асосан молҳои саноати сабук, техникаи хоҷагии қишлоқ, электроника, техникаю масолеҳи сохтмонӣ ба фурўш гузошта хоҳанд шуд. Чунин намоишгоҳ аз ҷониби палатаи савдо ва саноат ва ниҳодҳои дахлдори чинӣ аз соли 2004-ум дар Тоҷикистон баргузор шуда истодаанд. Муталлиб Саидӣ иброз намуд, ки феълан онҳо ба Тоҷикистон танҳо муносибатҳои тиҷоратӣ доранд, аммо сохтмони корхонаҳо низ дар ояндаи наздик дар назар аст. {jathumbnail off}