Русия: Оташсӯзии нақлиёт, ки рақами рамзии 07 доранд
Дар шаҳри Балашихаи назди Маскав як миллатгаро ба оташсӯзии мошинҳои бо рақамҳои минтақаи Қафқоз машҳур гаштааст.
Аллакай 8 адад нақлиёти бо рақамҳои марбут ба минтақаи Доғистон ва Қабардину Балқар, ки нишони рамзии 07-ро доранд, мавриди оташсӯзии ӯ қарор гирифтааст. Мардум ва кормандони пулис барои ин "қаҳрамониаш» ба ин миллатгаро лақаби «Пироман»-ро часпондаанд.
Аввалин оташсӯзии нақлиётро ин миллатгаро аз 21 июни соли равон сар карда, мошини тамғаи ВАЗ 2104-ро сӯхтааст.
Баъдан автомашинаҳои қиматбаҳои «Тойота Ленд Крузер» дар ноҳияи Дзержинский мавриди оташсӯзӣ қарор гирифта, нақлиёти дигари шафати он осеб надидаанд. Сипас, 8 -адад бо рақамҳои давлатии ин минтақа дар шаҳр оташ гирифтаанд, ки мақомотро ба андешаи амал кардани як нафар ё гурӯҳи миллатгаро водор кардааст.
Пулиси нақлиётии Маскав гуфтааст, дар ин робита асноди заруриро барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ омода намуда истодаанд ва аллакай чанд гумонбаршудаи ин амалҳои тахрибкорӣ низ муайян шудаанд.{jathumbnail off}