Задухӯрд дар тарабхонаи “Шаҳрисабз” бо куштор анҷомид
Задухӯрди ҷавонон дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”, воқеъ дар кӯчаи Телмани шаҳри Душанбе, як кушта ва як маҷруҳ бар ҷой гузоштааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” таъид кард, ки воқеан шаби 28-уми апрели соли равон дар тарабхонаи «Шаҳрисабз»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ як нафар кушта шуда, як нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст: “Муноқиша байни 4 сокини пойтахт рух додааст. Як нафари онҳо бо истифода аз корд ду нафар ҳамроҳашро бо корд маҷруҳ мекунад, ки дар натиҷа 1 нафари онщо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва дигарӣ бо ҷароҳати вазнин феълан дар бемористон қарор дорад.”
Асадуллоев аз ном бурдани иштирокдорони ин муноқиша ба далели ворид нашудани халал ба ҷараёни тафтишот худдорӣ кард: “Айни замон барои тасдиқ намудани ду нафари иштирокчии ин муноқиша чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Пас аз дастгир шудани онҳо маълумоти муфасал пешниҳод карда мешавад.”
Тибқи хабарҳои ахир, ки дастраси "Озодагон" шуданд, маҷруҳи дуюм низ дар бемористон, имрӯз аз ҷароҳатҳои вазнин ҷон додааст.