Дархост аз ЮНЕСКО барои бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз ЮНЕСКО дархост кардааст, рӯзеро барои бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ муайян кунад.
Дар ин бора Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 29-уми апрел ҳангоми мулоқот бо Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе, хабар дод.
Ӯ гуфт, ба хотири 700-солагии ин шахсияти барҷаста “бо пешниҳоди дархосте барои сабти бузургдошт" ба комиссияи ЮНЕСКО муроҷиат кардаанд.
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон, зимни ишора ба чопи чандин асари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Эрон, омадагии кишварашро барои ба нашр расондани осори боқимондаи ин шоири барҷастаи тоҷик эълон намуда, гуфтааст, аз ин пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ҷонибдорӣ хоҳад кард. Инчунин, ҷонибҳо ба таври касбӣ ҷашн гирифтани ин рӯйдодро дар соли 2015 ишора намудаанд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт ва адиби ширинсухани форсу тоҷик соли 1314 ба дунё омадааст. Асарҳои ӯ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Тошканд маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажухишгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 асари ӯ гирдоварӣ шудааст.