Натиҷаи қуръакашӣ барои мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё
Дар қуръакашии Конфедератсияи футболи Осиё барои мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) рақибони ҳарду даста муайян гардид.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ба гуруҳи ”А” шомил шуд ва тирамоҳи соли ҷорӣ бо дастаҳои Қувайт, Ҳиндустон, Лубнон ва Бутан сабқат хоҳад кард. Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо Чикаши Сузуки, мутахассиси ҷопонӣ, роҳбарӣ мекунад.
Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба гурӯҳи “D” шомил шуда, тирамоҳи соли ҷорӣ дар пойтахти Эрон бо тимҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон мубориза мебарад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров роҳбарӣ мекунад.
Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии мусобиқа миёни наврасон (U-16):
Гуруҳи “А”: Қувайт (мизбон), Ҳиндустон, Тоҷикистон, Лубнон, Бутан.
Гуруҳи “В”: Узбакистон (мизбон), Яман, Фаластин, Молдив.
Гуруҳи “С”: Ироқ, Баҳрайн, Непал (мизбон), Туркманистон.
Гуруҳи “D”: Сурия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Урдун (мизбон).
Гуруҳи “Е”: Эрон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон (мизбон), Шри-Ланка.
Гуруҳи “F”: Умон, Қатар, Бангладеш, Қирғизистон (мизбон).
Гуруҳи “G”: Австралия, Сингапур, Хонконг, Тайван, Макао.
Гуруҳи “Н”: Кореяи Чанубӣ, Лаос (мизбон), Малайзия, Гуам, Бруней.
Гуруҳи “I”: Чин, Кореяи Шимолӣ, Мянмар, Чазоири Мариани Шимолӣ.
Гуруҳи “J”: Ҷопон, Индонезия, Вйетнам, Филиппин.
Натиҷаи қуръакашии мусобиқа миёни ҷавонон (U-19):
Гуруҳи “А”: Узбакистан, Қатар (мизбон), Ҳиндустон, Туркманистан, Непал.
Гуруҳи “В”: Урдун (мизбон), АМА, Яман, Молдив, Афғонистон.
Гуруҳи “С”: Ироқ (мизбон), Қувайт, Покистон, Бангладеш.
Гуруҳи “D”: Эрон (мизбон), Арабистони Саудӣ, Лубнон,Тоҷикистон.
Гуруҳи “Е”: Сурия, Умон, Баҳрайн, Фаластин (мизбон).
Гуруҳи “F”: Австралия, Вйетнам, Тайван, Муғулистон, Хонконг (мизбон).
Гуруҳи “G”: Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия (мизбон), Лаос, Гуам, Филиппин.
Гуруҳи “Н”: Кореяи Шимолӣ, Тайланд (мизбон), Сингапур, Бруней.
Гуруҳи “I”: Ҷопон, Чин (мизбон), Малайзия, Макао.