Иттиҳоди мусулмонҳо хостори маҳдудияти синни президентӣ шуд
Дар Қазоқистон мехоҳанд, «Қонун дар бораи маҳдуд намудани синну соли президентӣ» ба баррасӣ гирифта шавад.
Тавре дафтари матбуотии Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ин ниҳод ва Кумитаи мусулмонон оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз будубоши як нафар то охири умри худ дар садри раҳбарияти кишвар, хостори қонун дар мавриди маҳдуд кардани синни президентӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ин ду ниҳод, шахс баъди 80-солагӣ қудрати идораи давлатро надорад: “Дар саҳифаҳои таърих мисолҳои зиёде аст, ки ҳангоме зимоми як давлат бо фикру ақидаи пиронсолон идора шавад, оқибати мардуми он ҳатман бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.”
Инчунин раҳбарияти ин ду ниҳод аз мақомоти ин кишвар хостаанд, дар сурати қабул гардидани чунин як қонуне кафолати дар амал татбиқ шудани он низ дода шавад: «Агар раисҷумҳуре, ки синаш ба 80 расидааст, вале боз мехоҳад дар ин симат боқӣ бимонад, бояд муҷозот шавад.»