Бахшҳо
17 янв 2013 11:59Сиёсат / Интихобот - 2013

Ин миллат дигар Раҳмон надорад?

Воқеъият ин аст, ки ҳизбҳои мухолифи кишвар рақобатпазир нестанд. Бовар дорам, ки дар интихоботи соли 2013 ҳеч ҳизбе дар баробари ҳизби ҳоким, ки номзади аслиаш Эмомалӣ Раҳмон аст, довталаби арзанда ва рақобатпазире барои курсии раисҷумҳур пешниҳод нахоҳад кард. Ин нуктаро Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур (МТС) дар нишасти мабуотӣ таъкид намуд.
Сайфулло Сафаров дар идома гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ аз лиҳози қонунгузорӣ шароити мусоидеро фароҳам овардааст. Аммо аз сабаби маҳдуд будани имконияти молӣ ҳизбҳои мухолиф тавони таблиғи сиёсати худро надошта, то ин замон кадри муносибе низ барои ширкат дар интихоботи раисҷумҳур пайдо накардаанд, иброз дошт муовини раҳбари МТС.

Ин миллат ҳазорҳо Эмомалӣ Раҳмони дигар дорад, аммо…
Гуфта мешавад, ҷаноби Сафаров дар ҳоле фаъолияти ҳизбҳои мухолиф ва нуфузи онҳоро дар ҷомеа баҳогузорӣ кард, ки коршиносон ба воқеъӣ будани ин таҳлил шубҳа доранд.
"Тамоми таҳлилу тадқиқоте, ки дар робита ба вазъи сиёсӣ аз долонҳои ҳукумат садо медиҳад, ман ба онҳо бовар надорам. Ин ҷумла тадқиқот мунсифона нестанд.

Чунки МТС низ дар баробари дигар мақомоти давлатӣ дар хидмати ҳизби ҳоким буда, таҳлилу омӯзишҳояшон низ танҳо ба хотири боло бурдани нуфуз ва ҳайсияти ҲХДТ мебошад", гуфт Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ. Ҷаноби Ҳайит даъвои муовини раҳбари МТС-ро нодуруст шуморида, мегӯяд агар воқеан ба ҷуз аз Раҳмон чеҳраи дигаре барои майдони сиёсат нест, пас мавҷудияти мардуми тоҷик зарурат надорад. Муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо кадри дигаре ҳаст, ки имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар ба сар мебаранд. Вале шароити муссоиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва зиндагӣ иҷоза намедиҳад, то онҳо дар интихобот ба таври ошкоро ширкат ва рақобат кунанд. Маҳмадалӣ Ҳайит бар ин бовар аст, ки агар интихобот дар Тоҷикистон воқеан ҳам ба таври озодона ва демократӣ баргузор гардад, пас даҳҳо номзади дигар дар баробари Эмомалӣ Раҳмон қад алам карда, эҳтимолан пирӯзиро низ ба даст хоҳанд овард.

Шахсиятҳои арзанда ҳастанд, вале қоидаи "бозӣ" риоя намешавад
Ин суханҳоро Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ тақвият бахшида, мегӯяд, ки дар асл таърифу тавсиф кардани шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ набояд барои аҳзоби дигари сиёсӣ мушкил бошад. Аммо вақте, ки ин таблиғ аз ҷониби хидматчиёни давлатӣ бо истифода аз имконият анҷом меёбад, ин амал қобили қабул нест. Шокирҷон Ҳакимов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон феҳрасти шахсиятҳое мавҷуд аст, ки мутобиқи фармони маъмурияти дастгоҳи раисҷумҳур дастрасӣ ба расонаҳои давлатӣ, ба хусус шабакаҳои телевизионро надоранд. Ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ ҳар ҳизб ҳуқуқ дорад, то аз шабакаҳои телевизион барои роҳандозӣ гардидани барномаҳояш ва ё баргузор гардидани баҳсу мунозира бо дигар рақибон итсифода кунад. Боиси таасуф аст, ки дар Тоҷикистон ин имконият танҳо ба ҳизби ҳоким дода мешавад чун аксари кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизион узви ин ҳизб ҳастанд.  

"Мушкили майдони сиёсат дар Тоҷикистон хеле зиёд ва ҷиддӣ мебошад. Қоидаҳои "бозӣ" дар мо риоя намешавад. Бовар дорам, ки дар сурати воқеъбинона сурат гирифтани рақобат барои ба даст овардани курсии раисҷумҳур шахсиятҳое сазовор ба ин мансаб хомӯш нахоҳанд буд. Дар ҳамин шабу рӯз 5-6 нафар барои ворид шудан ба интихоботи президентӣ комилан омода ҳастанд. Вале аз сабаби мавҷудияти монеаҳои сунъӣ ва таҳдид ба амнияти ҷониашон, онҳо аз худ хабар намедиҳанд", гуфт Шокирҷон Ҳакимов.  

Таблиғоти густардаи ҲХДТ ва заъфи мухолифин дар ин самт
Маврид ба зикр аст, ки баҳси маҳдуд будани имкони таблиғ барои ҳизбҳои мухолиф дар Тоҷикистон тоза нест. Коршиносон бо ишора ба вазъи сиёсии дохилӣ мегӯянд, ки дар ин авохир ҳизби ҳоким то ҷое майдонро инҳисор кардааст, ки дигар мухолифин дар бунбаст қарор гирифтаанд. Бо ишора ба талошҳои бенатиҷаи мухолифин барои баррасии  пешниҳоди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи интихоботи президентӣ" аз сӯйи парлумон ва имконнопазир будани баргузории баҳсу мунозираҳои аҳзоби сиёсӣ тавассути телевизион таҳлилгарон аз маъракаи сиёсии 2013 интизориҳои мусбат надоранд. Ба бовари онҳо натиҷаи рақобат барои ба даст овардани курсии раисҷумҳурро бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин омилҳо метавон пешгӯйӣ кард. Дар ҳамин робита Сайфулло Сафаров гуфт, ки ҳамасола МТС барои ислоҳи вазъи сиёсӣ хулосаи таҳлилҳои худро эълон мекунад.

"Барнома ва талошҳои аҳзоби мухолиф ба шароити замона мутобиқ нест. Ҳарчанд мо борҳо назари худро дар робита иброз кардем, вале ислоҳшавии аҳзоби мухолиф ба мушоҳида намерасад. Барои мисол ҲХДТ бо истифода аз нашрияҳои ҳизбӣ барномаҳои худро таблиғ карда, корҳоеро дар ин самт анҷом медиҳад. Аз гурӯҳи мухолифин ҳатто он ҳизбҳое, ки нашрия доранд, ба ин масъала чандон аҳамият намедиҳанд. Аз ин хотир дар ҷомеа онҳо чандон таъсиру нуфузе надоранд", гуфт Сайфулло Сафаров.

КМИР, МТС ва ҲХДТ аз чӣ тарс доранд?
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари муовини раҳбари ҲНИТ, Маҳмадалӣ Ҳайит ҳар ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон таъсиру нуфуз дошта, таҳлилу бардошти муовини раҳбари МТС дар ин робита комилан нодуруст мебошад. Ба сифати далел ҷаноби Ҳайит аз ширкати ҲНИТ дар интихоботи соли 2010 мисол меорад. Интихоботи парлумонӣ исбот намуд, ки ҳизбҳои сиёсии мухолиф маъруфияти зиёд доранд, вале мутаасифона комисияи марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР) овозҳои мардумро ба манфиати ҳизби ҳоким истифода кард.

"Тамоми пирӯзиҳои ҲХДТ бар ивази хидматҳои мақомоти давлатӣ ба даст омадааст. КМИР ва МТС ба таҳлилҳои худ ва устувории ҲХДТ чандон бовар надоранд. Аз ҳамин сабаб парлумон ва ҲХДТ аз эҳтимоли пазируфтани пешниҳоди мухолифин барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи интихоботи президентӣ" ҳарос доранд. маҷлиси Намояндагон бо дарназардошти воқеъият баррасии пешниҳоди мухолифинро ба дарозо мекашад", иброз дошт Маҳмадалӣ Ҳайит.  

Муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки дар умум ин вазъи сиёсӣ ва маъракаҳои интихобот барои аҳзоби мухолиф дарди саре беш нест. Зеро дар ҳавзаҳо танҳо намояндагони ҲХДТ ҳузур дошта, ба дуздии райъи мардум даст мезананд. Ҳамчунин ҲХДТ аз вазъияти мавҷуда суйиистифода  карда, ба таври иҷборӣ мардумро аъзои ин ҳизб мекунад.

Шартгузорӣ: ҷойи кор бар ивази мансубият ба ҲХДТ
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ низ аз интиқоди Сайфулло Сафаров шикоят карда, гуфт, ки агар бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоии мардум набошад, ҲХДТ  бидуни ҳаводорон хоҳад монд. Ба иддаои номбурда, ҲХДТ бо истифода аз усули водоркунӣ ва мехонизми таъсиррасонӣ ба ҳокимияту муассисаҳои таълимӣ теъдоди тарафдорони худро зиёд мекунад. Дар шароити феълӣ пайдо кардани ҷойи кор дар мақомоти давлатӣ, маънои ба таври автоматӣ гаравидан ба ҳизби ҳокимро дорад. Ин ҷо пурсише ба вуҷуд меояд, ки МТС ба унвони як институти таҳлилӣ то куҷо воқеъбинона фаъолият мекунад. Дар ҳамин маврид Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ки мутобиқи мақсад мебуд, агар МТС барои натиҷагирӣ кардан аз вазъи сиёсӣ бо намояндагони ҳизбҳои мухолиф баҳсу мунозираҳое баргузор намояд.
На танҳо МТС, балки шахсиятҳое дар ҳокимияти иҷроия, парлумон ва дигар мақомоти давлатӣ фаъолият доранд, ки вазифаи аслии онҳо таъриф ва тавсифи шароити ҲХДТ мебошад.

"Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон барои рушд ва таблиғоти густарда қариб ки минбаре надоранд. Қаблан бо ташабусси созмонҳои байналмилалӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ гирди ҳам меомаданд. Аммо бо сабабҳои номаълум созмонҳои байналмилалӣ аз ин кор худдорӣ мекунанд", аз ин бармеояд, ки дар пошорӯи интихоботи президентӣ имкониятҳои мухолифин боз ҳам маҳдудтар мешавад, илова кард Шокирҷон Ҳакимов.

Ҳизбҳо ва ҳизбчаҳо
Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон расман 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, вале дар ҷомеа ба ҷуз се ҳизб -ҲХДТ, ҲНИТ ва ҲСДТ боқимонда ҷойгоҳи чандон ҷиддие надоранд. Коршиносон мегӯянд, ки аз ин 8 ҳизб- ҲКТ дар ин авохир хеле заиф шуда, ҲАТ, ҲИИТ ва ҲСТ ҳамчун ҳизби ёрирасони ҲХДТ фаъолият доранд. Мавҷудияти комили ҲДТ низ бо ин баҳсҳои охир зери суол меравад. Аммо Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон мегӯяд, ки дар сурати фароҳам овардани имконияти баробари таблиғот дар раоснаҳои хабарии давлатӣ ҳар ҳизби сиёсӣ баҳои мусбат хоҳад гирифт.
"Аҷиб аст, вақте ҳукумат барои рушди гуногунандешӣ аслан маблағ ҷудо накарда, аз маҳдудияти имконияти ҳизбҳои сиёсӣ бохабар буда, дар ин баробар боз мухолифинро заъиф эълон мекунад. Ин нодуруст аст", гуфт Исмоил Талбаков.

Номбурда бо муроҷиат ба Сайфулло Сафаров гуфт, ки беҳтар мебуд агар қабл аз чунин баҳогузориҳо МТС вохуриву сӯҳбатҳое бо ҳизбҳои мухолифин анҷом бидиҳад. Ҷаноби Талбаков аз он нигаронӣ намуд, ки новобаста аз меъёрҳои қонунгузорӣ мухолифини Тоҷикистон имкони дастрасӣ ба телевизионҳои кишварро надоранд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон 5 шабакаи телевизионӣ фаъолият дорад. Тибқи мушоҳида ҳатто ҳангоми ҷаласаҳои парлумон чеҳраҳои намояндаҳои дигарандешро дар ин шабакаҳо дидан ғайриимкон аст. Дар ҳамин ҳол баъзе аз сарчашмаҳо мегӯянд, ки шабакаҳои телевизион мутобиқи супориши ҳукумат амал карда, набояд, ки аз фаъолияти ҳизбҳои мухолиф гузорише интишор кунанд.

ҲХДТ ҳам мувваффақ набудааст
Гуфта мешавад, ки ин мавқеъгирии Сайфулло Сафаровро дар робита ба заъф ва устувории ҳизбҳои сиёсӣ натанҳо мухолифин, балки коршиносон низ мавриди интиқод қарор доданд. Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) мегӯяд, ки ягона бурди ҲХДТ ин аст, ки раҳбари ин ҳизб раисҷумҳур буда, ҳизбҳои дигари мухолиф аз механизми давлатдорӣ комилан бебаҳра ҳастанд. Вале бо ин ҳама наметавон ҲХДТ-ро ҳизби устувор эълон кард.
"Барои мисол шумо метавонед на аз деҳқону коргар, балки намояндаи қишри зиёӣ дар мавриди фарқияти барномаи ҲХДТ аз ҲДТ ва ҳизби дигар суол кунем. Бовар дорам, ки 80 дарсади пурсидашудагон посух дода наметавонанд", мегӯяд Абдулғанӣ Маҳмадазимов. Раҳбари АМСТ ҳамчунин  мегӯяд, ки фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар дохили ҳизбҳои сиёсӣ низ кам нестанд, ки тавони роҳбарии кишварро дошта бошанд.

Мавзӯи имкониятҳои нобаробари аҳзоби сиёсӣ ва мушкилоти молии мухолифин бори аввал нест, ки матраҳ мешавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳукумат танҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки агар барои фаъолият ба ҳизбҳои мухолиф шароити мусоиде фароҳам оварда тавонад. Илова бар ин дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ҳукуматҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ фаъолияти ҳизбҳои мухолифро то андозае маблағгузорӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дигар ҳуқуқ доранд, ки аз ҷониби соҳибкорон маблағ дарёфт кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар сурати ба таври ошкоро маблағгузорӣ кардани шахсони ҳуқуқӣ амнияти онҳо зери суол меравад. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сиёсии дохилӣ ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки дар сурати дастгирии молӣ кардани ҳизбе, соҳибкорон таҳти фишори мақомоти давлатӣ-кумитаи амният ва андоз қарор хоҳанд гирифт. Аз ҷониби дигар коршиносон пурсише ба вуҷуд меояд, ки агар воқеан ҲХДТ устувор ва пешгом аст, пас чаро ба унвони ҳизби ҳоким бо мухолифин мулоқоту барномаҳои таҳлилӣ тарҳрезӣ намекунад?


Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эй рох,барон ва думравони х,избх,ои хонаги! Мисли В.И.Ленин зур шавед ё мисли Эмомали Рах,мон. Минбар надоред? Думрав надоред? Х,арфгушкун надоред? Пас кунатонро дар стул бах,узур монда гами худ ва оилаи худатонро хуред?

(Ноширони азиз! Илтимос, ҳамин матлабро нашр кунед. Як умр савоб мегиред.)

К,ишлок,и,
Дарҳақиқат андешарониҳои як плебей, яъне инки, як ғуломсифати қишлоқӣ. Мутаассифона интернет ба ҳама имконияти сухан медиҳад. Ҳоло акнун калу кӯр ҳам сиёсатбозу сиёсатдон шудааст. Охир, муддати президентӣ ҳам як ҳадду канор дорад! Инки курсӣ ба Э.Р. аз бобову падараш мерос намондааст! Эмомалӣ марди хуб аст, вале ин маънои он надорадки, ин мард то ба лаҳазоти охирин сари қудрат бошад. Тоҷикистон як ҷумҳурӣ аст, мефаҳмед, яъне сарқонун дорад. Магар сарқонуни ТҶ ба як нафар иҷозат медиҳад, ки ӯ як умр президенти кишвар бошад? Фақат монархҳо (шоҳон, маликаҳо) ин ҳуқуқро доранд ки, дар кишварҳои онҳо конститутсия вуҷуд надорад (Англия, Норвегия, Дания, Испания, Арабистони Саудӣ ва чанде дигар). Онҷо аз рӯи маҷмӯъи қонунҳо кор бурда мешавад. Агар мо хоҳем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сардори давлат монад, пас калимаи"ҷумҳурӣ" ва "сарқонун"ро бояд барҳам бидиҳем ва номи давлатро фақат "ТОҶИКИСТОН" ё "ШОҲИГАРИИ ТОҶИКИСТОН" гузорем, яъне бе калимаи "ҷумҳурӣ". Пас аз он Эмомалӣ раҳмон метавонад то дами вопасин шоҳи мамлакаташ шавад, на ПРЕЗИДЕНТ. Зеро "президентшавӣ" муддати муайян дорад ва як кас наметавонад беохир президент бошад. Ту, оқои "Қишлоқӣ" (номатро монӣ намешавад?) ин чизҳоро мефаҳмӣ? Аз куҷо ҳам фаҳмӣ, вақтеки мардони давлат намефаҳманд ё худро ба нодонӣ мегиранд: аз рӯи масали "гӯр сӯзаду дег ҷӯшад!"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)