Бахшҳо

Даргузашти донишманди тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек дар ғурбат

Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди 65-солаи тоҷик, ки раҳбарии маркази фарҳангии “Нур” дар Русияро бар ӯҳда дошт, шаби 2 феврал дар яке аз бемористонҳои Маскав даргузаштааст. Оқои Лашкарбек ҳамзамон дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Русия кор мекард.

Наздикони ин донишманди тоҷик, ки ба таҳқиқи забонҳои шарқии эронӣ машғул буд, мегӯянд, ӯ ахиран қалбашро ҷарроҳӣ карда будааст. Боғшоҳи Лашкарбек соли 1949 дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба дунё омада, кишварро дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта, дар пайи нооромиҳои дохилӣ, тарк карда буд.

Вай аз ҷумлаи ҳомиёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия дониста мешуд, ки пайваста дар бораи вазъу ҳоли онҳо дар расонаҳо изҳори назар мекард.
Мӯҳр
Боз як хабари шум мисли тир ба ҷигарам зад.Боғшоҳ аз дӯстони даврони ҷавонӣ ва аз ҳамкорони хубам дар пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рудакии шаҳри Душанбе буд.Дар тамоми даврони оворагиҳоямон ҷӯёи ҳоли якдигар будем.Боғшоҳ яке аз беҳтарин мутахассиси забонҳои помирӣ буд ва фолклори Вахонро гирдоварӣ карда буд.Бароям даргиликҳои вахониро мехонд ва ҷое,ки намефаҳмидам шарҳ медод.Соли 1994 ҳамроҳи устод Давлати Худоназар ва бародари азизам Саидшоҳ Акрамзода дар ҳаволии маскав меҳмонаш будем. Як бор барои тоҷик буданаш аз дасти миллигароёни шовинист ва фашистмаром,ки "скинхедашон" гӯянд зарбаи шадид хурд ва ба зӯр ҷон ба саломат бурд.Соли 2012 авохири баҳору авоили тобистон ман ӯро барои ширкат дар кори ҳамоиши байналмилалии "Забони порсӣ:дирӯз,имрӯз ваа фардои он" ба шаҳри Олмоти даъват кардам,ки ҳамроҳи саркорхонуми Молчанова омад ва суханронӣ кард.Нақшаҳоеро барои ҳамкориҳои баъдӣ бо ҳам матраҳ намудем ва баррасӣ кардем.Ин бародари азиз мӯреро намеозурд,завқи зистан дошт ва...ҳоло намедонам,чӣ сарнавиште дорем,мо тоҷикон,ки фарзандони фарзона ва диловари мо дар ғарибӣ "ҷон ба сахтӣ" медиҳанд..Дареғу сад дареғи Боғшоҳи азитз,ки нақшаҳои амалӣ нашудаашро ба гӯр бурд ва ҳама дӯстонашро дар сӯг нишонд! Ҷоят ҷаннат ва гурат пурнур бод,бародари азиз!

Восеъ
Рухаш шоду хонаи охираташ обод бод!Вокеъан чунин шахсонро метавон точик гуфт.Онхо дар гурубат низ номбардори миллату давлати точокон буданд!

Фируз
Мо аз суи Худо омадаем ва ба суи У бармегардем. Худо рухи Устодро шод гардонад ва хонаи охираташро обод. Ба хонавода ва наздикони Устод таслиат арз мекунам.

Daraxtbek Angurshoev
Рухат шод бодо, охиратат обод бод- Фарзандони диёри ман.

Имруз мардуми Бадахшон як такони чидиро диданд марди окилу донишманд ва шахси некном аз олам гузашт рухат шод бод устоди азиз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)