Бахшҳо
05 фев 2014 10:16Тоҷикистон / Акс

Як акси Мӯсо Исоев ва 900 шарҳи хонандагон дар “Одноклассники”

Як акси Мӯсо Исоев, паҳлавон ва ҳунарманди тоҷикро, дар саҳифаи “Одноклассники” беш аз 10 ҳазор бор “писандидаанд”.

Ин аксро корбаре бо номи ”Комрон TJK” моҳи августи соли 2013 дар саҳифаи худ гузоштааст ва он то имрӯз 10 156 “класс” гирифтаву зераш 848 шарҳ навиштаанд. Бисёре аз шарҳнависон аз Мӯсо Исоев ба унвони “Шери тоҷик” ва “паҳлавони тоҷик” ном бурдаанд.

Корбаре бо номи Толибшо Қурбонов навишта, ки “ба тамоми нозукиҳояш марди бузург буд”. Ин нафар худро яке аз дӯстони Исоев муаррифӣ намудааст: “Дар кӯчаи Михайлов зиндагӣ мекардем. Бегоҳирӯзҳо бо раҳматӣ “штанга” машқ мекардем. Ҷои вохӯрӣ ва истироҳат чойхонаи “Роҳат” буд. Дар он “территория” касе набуд, ки раҳматӣ Мӯсоро нашиносад. Пеш аз ҷангҳо чанд бор гуфтам, бобо, тарки Ватан кун, чунки бесарусомонӣ буд, розӣ нашуд. Баъд аз чанд вақт фаҳмидам, ки як магазини автоматро тарафаш холӣ кардаанд. Пирам, хонаи охиратат ором бошад.”

Аловуддин Бобоев, як корбари дигар, низ навишта, ки “ӯ яке аз беҳтарин фарзандони тоҷик буд! Руҳат шод бод”. Бобо Турсунов гуфтааст, “ҷояш ҷаннат бошад! Барои ба навор гирифтани филми "Афганский излом" ("Шикасти Афғон") Микелле Плачидо танҳо актёрони тоҷик -- Мӯсо Исоев, Мукаррама Қосимова ва чанд нафари дигарро интихоб карда буд.”

Дар “Одноклассники” саҳифаи вижае низ бо номи “Мӯсо Исоев – шери Мастчоҳ” фаъол аст. Мӯсо Исоев падари Рустам Исоев, овозхони тоҷик аст, ки моҳи декабри соли 1992 аз сӯи афроди номаълум кушта шудааст. Ӯ соли 1952 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи касбию техникии ноҳия ва Донишкадаи варзиши шаҳри Душанберо хатм кардааст. Устоди варзиш, қаҳрамони чандинкаратаи ҷумҳурӣ оид ба гуштии классикӣ ва дзю-до, қаҳрамони Озарбойҷон аз рӯи гӯштии дзю-дост.

Дар синамо низ нақш офаридааст. Дар филмҳои “Кафорат”,”Номзад”, “Бори 300″ нақши асосиро бозидааст. Дар филми “Дарду алами афғон” ҳамроҳ бо ҳунарпешаи машҳури итолиёвӣ Микеле Плачидо нақш иҷро кардааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
эхсон
Мусоро ору номуси марди кушт. Вакте нотинчихо сар шуданд у низ мисли дигарон рохи гурезро гирифта ба зодгохаш рафт ва накша дошт ба Озарбойчон назди зани дигараш равад. Хамшахрихояш пастигавихои масчо уро мазох карданд ки марду пахлавон наход гурезад. Мусо ба ин гапхо тоб наоварду ба Душанбе баргашт ва аз дасти кулобихо кушта шуд. Рухаш шод бод шери нари точик буд.

й
Он вакт декабри 1992 точиккуши дар авч буд. Касе ки симои ориеи дошт, бе ягон гап дар чояш мепаррониданд.

ozod
genosidi sheroni millat holo ham davom dorad...dar nazdiktarin solho mo digar qudrati muqovimatro az dast medihem ... yak bor ba chehraho ba shakhsiyatho ba amalkardho...nigoh kuned

Одинамахмад
Рости банда харчо ки номи МУСО-ро хох дар рузномаву мачаллахо бошад хох дар сомонахои интернети бубинам хатман он маводро мутолиа менамоям на ба он хотир ки Мусо хамшахрии мост балки хамчун як чехраи шинохта ва пахлавони точик аммо инчо якчиз аламовар аст ки дар бораи МУСО кам мегуянду кам менависанд.Соли 2012 ман бисёр умедвор будам ки 60-солагии МУСО дар нохия чашн гирифта мешавад аммо хайхот нашуд ки нашуд чунки хукуматдорони имрузаи мо бефармони боло хатто гусл намекунанд Агар МУСОаз дангара мешуд 60-солагии УРОдар тамоми Чумхури чашн мегирифтанд

Одинамахмад,шумо чихо мегуед чашни мусо исоро бояд хукумати република чашн мегирифт?Мусо ро шумо мешиноседу чаро чашни 60 солагияшро ба хукумани нохияи масчохи кухиятон пешниход накардед?дар бораи Дангара-ки гуфтед аз дангара мешуд дар дамоми чумхури чашн мегирифтан.оё шумо Талбак Лолаевро мешиносед?кахрамони Итиходи Шурави аз нохияи Дангараи мегуфтагиятон ки солхои шурави нимпайкараашро дар нохияи Дангара сохта буданд чашни мавлудаш як су хайкалашро кандан.хато соли 2012 чашни 60-солагияша наздиконаш кайд накардан ки хукуматро дигар тараф гузорем.шумо дигар кор надоред ки махалгарои мекунед...

Кахрамон
Хисрав,
Салом бародар Хисрав,дар бораи Талбак Лолаев хуб кайд кардед,вай хам монанди Мусо Исоев барин пахлавон ва кахрамон буданд,ва барои галлаи хукумат оташ нагирифтан ва хомуш кардани он худро ба оташ зад ва чони худро аз даст дод,лекин чи илоч ки хукуматдорони мо инхел одамонро тез фаромуш мекунанд ва онхоро кадрдони намекунанд,ва хамон нимпайкарае,ки дар хавлии мактаби раками №56-и нохия буд канда партофтанд.Ва ногуфта намонад дар бораи кайд кардани чашни 60-солагияш дар атрофи хешу таборон аз тарафи хукумати нохия ичозат нашуд, барои хамин чашн гирифта нашуд.

Ванчи
Солхои донишчуиям уро хамчун адолатпарвар хама мешинохтем. Махз барои уро дидан чойхонаи Рохат мерафтем.
Мусои мардро номардхо номардона куштанд.

Ассалому алайкум дустон хохиши ман хамин буд ки мефахмондед хамин филмхоро аз кучо дастрас кардан мумкин? Бо эхтиром: Mukhammadalii

Пастигави
Бародар Пастигавихо нагуфтанд пахлавон наход гурезад... Хакикатро намедони чи патпат мекуни...Абдул,

Салими Аюбзод
Ин достонро ба ӯ бахшидаам:

https://aioubzod.wordpress.com/2017/08/29/%d1%84%d0%be%d0%bd%d1%83%d1%81%d0%b8-%

d1%91%d0%b4/

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)