Бахшҳо
17 июн 2014 15:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

3 000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол (АКС)

Масъулони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба номаи Нуриддин Қаршибоев -- раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ тамоми маблағеро, ки барои дорву дармони Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда, сарф намудаанд, ҳисоб кардаанд.

Дар посухи онҳо омадааст, барои табобати Шаҳбол аз 7 март то 27 апрели соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, 7 ҳазору 252 сомониву 32 дирам сарф шудааст. Ин ниҳод дар идома навиштааст, 18 май, баъд аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ дар Русия Шаҳбол Мирзоев ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳри Хуҷанд дар ҳолати вазнин оварда шуда ва қисми зиёди доруву дармонаш аз сӯи беморхонаи вилоятии Суғд мебошад.

“Бояд қайд кард, ки падари Шаҳбол Мирзоев аз ҳисоби госпитали ҳарбии “Суғд” бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ таъин намудани беморро қатъиян рад кардааст, лекин бемор аз назорати духтурон дур нест”,-гуфта шудааст дар нома.

Дар мактуби масъулони Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ омадааст, сарбозони қисми ҳарбии 2939 ва 9829 барои табобати Шаҳбол 5 литр хун супоридаанд. Инчунин, ба гуфтаи онҳо, барои табобати Шаҳбол Мирзоев раиси Кумитаи амнияти давлатии миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов 3 ҳазор сомонӣ ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 2 ҳазору 230 сомонӣ кумаки яквақтаина расондаанд.


3 000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол (АКС)

3 000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол (АКС)

3 000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол (АКС)

3 000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол (АКС)

3 000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол (АКС)

3 000 сомонии Саймуъмин Ятимов барои табобати Шаҳбол (АКС)
Мӯҳр
Точики Озод
Он чи ки аён аст, хочат ба баён несттттттттттттт................................

Барои чи рохбарон пулро аз кисаи худашон додаанд? Бояд тартиби таъмини эхтиёчоти сарбози мачрухшуда конунан пешбини шуда бошад. Умуман, бояд:
А. Ба хар сарбоз (афсар)-и хангоми хизмати харби мачрухшуда хакки хизматрасонии тибби (инчунин харочоти дигари вобаста) чуброн ва нафака барои давраи табобат (дар сурати корношоями- нафакаи якумра) таъмин гардад.
Б.Дар сурати марг нафакаи баланд ба фарзандон (ё ба волидон, зеро писарон таъмини волидонро дар пириашон хам ба ухда доранд) дода шавад.
(Кисман албатта маблагхои боло аз нафарони ба чунин холат гунахгор бояд руёнида шаванд.)
В. Агар чарохат дар рафти амалиёти чанги бардошта шавад, кумакпулии якдаъфаина ва сипас нафакаи махсусан баланд (бо назардошти дарачаи вазнинии чарохат) таъин гардад.
Г. Дар сурати марг дар рафти амалиёти чанги ба наздикони сарбоз кумакпулии якдаъфаина, сипас нафакаи махсусан баланд ва манзил дода шавад.
Бигузор сарбозон донанд, ки Ватан хизмат ва чонсупории онхоро баланд кадр мекунад ва бо дили пуру ифтихор аз худу Ватанашон хизмат бикунанд. Донанд, ки онхоро дар рузи вазнин намепартоянд ва онхо хеч гох дастнигари хайру садакаи мардум намешаванд. Ин проблемаи хеле чиддии алокаманд ба Ватану ватандорист ва ба он бояд кумитахои марбути парлумон ба зуди ру оранд. Артиш ё Кумитаи амният пулро магар ба Шахбол намедоданд, агар конун мебуд ва аз буча маблаг чудо мешуд? Ба назар менамояд, ки махз аз он сабаб рохбарон аз кисаи худ пул дода истодаанд, ки механизми амал дар ин гуна холатхо вучуд надорад ё барои сарбозон маблагхои ночиз пешбини шудаанд. Ё хато мекунам?
Холо бошад Шахбол ба холати худ ва ба азобхои падару модараш нигариста, фикри хонаи фурухтаи онхоро карда, магар ба худ намегуяд: "Ин чи ахмакие буд, ки кардам?" Ва магар хазорон шахболхои дигар барои ба чои аскари ба Русия фирор кардан далели наве ба худ наёфтаанд?

hamai inro padaru modari shahbol medonistandu naguftand.kore xub nakardand in padari bemor.boz dostievu koncul dar rusiya va biletu rohpuli.

МАКОМОТИ ДАХЛДОР аз падару модари шахбол БОЯД УЗРХОХИ БИКУНАД.

ЧИ МИКДОР ДИХЕД ХАМ ЧАВОН ДАР ХИЗМАТИ ХАРБИ ЯКУМРИ МАЪЮБ ШУДААСТ ВА БОЯД ПЕНСИЯИ РУТБАИ ГЕНЕРАЛИРО ДИХЕД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)