Бахшҳо

Радди дархости Зайд Саидов: Ҷой танг аст!

Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ имрӯз, 16-уми феврал дархости судшавандаро барои баргузории мурофиаҳо дар бинои Суди олӣ бо иштироки намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рад кардааст. Дар ин бора ба хабаргузории "Озодагон" Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов хабар дода, афзуд, раисикунандаи мурофиа баргузории мурофиаҳоро дар бинои Додгоҳи олӣ ба он хотир рад кардааст, ки гӯиё дар парвандаҳои қаблии Зайд Саидов ҷиноятҳои махсусан вазнин ҷой доранд: "Бинобар ин мурофиаҳои парвандаи нав низ дар боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешаванд".

Ба гуфтаи вакили дифоъ ҳарчанд додрас мурофиаро "кушода" эълон намуд, барои ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иҷоза надодааст. Ӯ далел оварда, ки ҷой танг аст ва аз ин рӯ танҳо наздикони Зайд Саидов метавонанд дар мурофиаҳо иштирок кунанд.

Дар мавриди он ки оё Зайд Саидов дар ин мурофиаҳо иштирок мекунад ё не, Исҳоқ Табароов илова намуд: "мо бо Зайд Саидов маслиҳат кардем ва ба хулосае омадем, ки ӯ дар ин мурофиаҳо иштирок кунад, чун дар акси ҳол наметавонад, бегуноҳияшро исбот созад".

Додраси парванда мурофиаи навбатиро 17 феврал таъин намудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар мурофиаи рӯзи 12 феврал Зайд Саидов дар нахустин мурофиаи парвандаҳои наваш баромад карда, аз додрас хост, наздиконаш, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон дар мурофиаи парвандаҳои наваш иштирок кунанд, чун парвандаҳои нав сирф иқтисодӣ буда, муҳри махфӣ надоранд.

Қаблан низ Зайд Саидов бо исроли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон шарт гузошт, дар сурати баргузории мурофиаҳо дар СИЗО аз иштирок дар он даст хоҳад кашид: “Дар парвандаи пешина, ки муҳри махфӣ заданд, бино бар ин мурофиаи он дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузашт, парвандаи дувум сирф иқтисодист ва муҳри махфӣ надораду ҳеч сире нест, онро бояд дар Суди олӣ доир намоянд”.

Аз ин пеш Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо як ҷумла дархости Зайд Саидовро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат рад кард. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, Оҷонсӣ бе шарҳи далелҳо бо як ҷумла навиштааст, афроде, ки шумо барои шоҳидӣ ва рӯбарӯкунӣ бо онҳо дархост кардаед, ба парвандаҳои иқтисодии Зайд Саидов ягон робита надоранд.

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик дар доираи парвандаҳои иқтисодияш хостори рӯбарӯкунӣ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва Давлаталӣ Саидов, ноиби нахуствазир шуда буд. Исҳоқ Табаров ва зерҳимояаш баробари рӯбарӯкунӣ бо мақомдорони зикршуда, инчунин хостаанд, як қатор кормандони ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” низ даъват шаванд.

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.

Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саид мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.
Мӯҳр
Эх хамин мардаки бечорраро хуб азоб доденда.О 26 сол зиндониш карден,молу мулкашро зада гирифтен.Боз чи ин мардака азоб додестен?

Шарофиддин
Судяи мухтарам хакикатро иброз дори намешавад. Наход аккалан барои як журналист хам чой набошад, ки дар мурофиа ширкат кунаду ба мардум гузориш пешниход намояд. Халк бе ин хам медонад, ки Зайд Саид бегунох асту ин шумо макомдорон аз тарс доим дуруг мегуеду хамеша хакикатро пинхон медоред. Аммо рузе ин хакикат ошкор шуд вой бар холатон.

Сарвиноз
Шумо судяи бечораро чи нах мезанед.Толорро тангиашро бахона накунад,дигар чи гуяд.Вазифа ширин аст.Зи меърочи мансаб мачу пойдори,Ки барях бувад пой ин нардбонро

агар ин судяхо дар рафти корашон нодуруст козиги кунанд, онхо ин корхои нодурусташонро чазояшонро дар симои чигарбандонашон хатман хоханд дид. аз ин чои гурез нест. барои он ки АЛЛОХ ЯККАВУ ЯГОНА ВА БУЗУРГ аст.

Озод
Ма хами журналистои озодагон, озоди, нигох, фараж кароче хамаша нафахмидм.
И читари коркнияй ки факат хабаротон ятарафаяй??
Намеша ябор ай судя, пракурор, омудсмен ё карупсия пурсен ку ваё чи меган, да хааамаи чо мехони факат ягапай.
Нахо хами мардака бе хиичи дела кнаны ика судявы пракурора гам тияны суд гзаронаны, да пеши халк и марак беегунохак боша??????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)