Бахшҳо

ВИДЕО: Президент дар бораи заказ, савдо, раисгурезонӣ ва барҳамдиҳии Оҷонсӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дод, ки Оҷонсии мубориза бо фасодро, ки 8 сол пеш худаш таъсис дод, боз барҳам медиҳад. Ӯ аз коргарони ин ниҳод дар ҷаласаи Шӯрои амният шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, ки худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванд: “Ман медонам, инҳо ба чӣ кор машғуланд. Он қадар шумораатон зиёд нест. Агар ҳамин стили кориятон бошад, ин сохторро барҳам медиҳам. Қисматон барои худатон кор карда истодаед, проблема эҷод карда истодаед. Вақте корманди Агентии зидди коррупсия худ даст ба коррупсия мезанад, ин чӣ гуна сохтор асту чӣ гуна методи қабули кормандон аст?”

Раисиҷумҳур аз санҷишҳои тӯлонии ғаразноки кормандони Оҷонсӣ дар бархе аз корхонаҳо зикр карда, гуфт: “Санҷишҳоро тӯл медиҳед. Натиҷаи санҷишро саривақт пешниҳод намекунед. Чӣ шудааст, ин ҷо? Савдо!Савдо! Натиҷаи санҷишро дар даруни дипломат нигоҳ дошта, савдо мекунед. Ҳамин қадар медиҳед, ман шумода навишта медиҳам. Ё пеш аз санҷиш рафтан, ман омада истодаам, тайёриятонро бинед. Ман барои чӣ имрӯз бо эҳсосот дар ин бора гап мезанам, чунки ман худам ин сохторро ташкил додам. Бо дасти худам ин сохторро дар ВУД барҳам додам. Ман хулоса баровардам, чӣ қадар сохторҳои назоратӣ зиёд шаванд, ҳамон қадар сатҳи коррупсия зиёд мешудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин санҷишҳои худсаронаи кормандони Оҷонсии зидди фасодро “закази рӯирост” арзёбӣ намуд: “Баъзан корхонаю ширкатҳоро берун аз нақша ё фармон санҷиш мекунанд. Ин закази рӯирост аст. Ҳадафи нопок дорад. Мефаҳмам, агар парвандаи ҷиноӣ бошаду фавран санҷиш кардан даркор. Аммо аксарияташ ғаразнок аст. Мераванд, раисро маҷбур мекунанд, ки се касда ба ман замин медиҳӣ. Не, ки гуфт, тамом. Чор раиси ҷамоат аз дасти корманди коррупсия ва прокуратура ба хориҷ гурехтаанд. Дар ҳамин ноҳияи наздик. Таги бинии мою шумо”.

Дар мавриди заминфурӯшӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аксарияти кормандони Оҷонсию додситонӣ дар ин кор даст доранд: “15 соли охир фақат супориш медиҳам. Нест ҷаласаи ҳукумат, ки ман дар ин бора супориш надода бошам. На додситонҳо, на кормандони Платаи ҳисоб ва на Агентӣ вазифаашонро поквиҷдонона иҷро намекунанд. Вақте худи кормандони Агентию прокуратура ба заминфурӯшӣ даст мезананд, намебинеду намешунавед. Чашмҳоятонро куру гушҳоятонро кар мекунед. Аксариятатон дар ин корҳо аралаш ҳастед, барои ҳамин аз байн нарафта истодааст. Гап сари як гектар не, ҳазорҳо гектар меравад. Як корманди Агентии зидди коррупсия дар давоми ҳамагӣ се моҳи фаъолияташ дар ин ниҳод дар ноҳияи Рудакӣ раиси ҷамоатро тарсонда ба номи шаш хешаш замин гирифтааст. Сардорони Раёсат надидед ҳаминро. Мо баъд чӣ гуна волоияти қонунро таъмин мекунем?”

Дар робита ба заминфурӯшӣ Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки вазифаи додситонию Оҷонсии зидди фасод барои худу хешу ақрабҳо кор кардан нест: “Канӣ савганди ёдкардаатон? Ман ин сохторро ташкил додам, ки камбудиҳо бартараф шаванд. Нест ноҳияю шаҳре, ки дар он заминфурӯшӣ ҷой надошта бошад. Аз пойтахт сар кард. 10 маротиба ба собиқ прокурори генералию, раиси Агентии коррупсия ва Кумитаи замин супориш додам. Гирду атрофи Душанбе теппа намондаст, оқибат чӣ мешавад? Мардуми бечораю камбағал замин мегирад? Не! Агар ҳамин методи коратон бошад, хубаш, ки ин сохтор набошад. Ба кӣ даркор?”

Президент инчунин ба Абдуфаттоҳи Ғоиб дар мавриди қабули кормандон ба ин ниҳод суол кард, ки “ин чӣ гуна қабули кормандон аст, ки дар давоми ҳамагӣ 5 сол 330 корманд иваз шудаанд? Дар ҳоле, ки Оҷонсӣ ҳамагӣ 495 коргар дорад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба кормандони Оҷонсӣ ва додситонӣ гуфт, вазифаи шумо ҳаст, ки бояд донед, кадом хизматчии давлатӣ аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунад: "Бозори Шоҳмансур равед, мегӯянд, ба шумо, ки кадом хизматчии давлатӣ ба чӣ кор машғул аст. Дар донишгоҳҳо ба шумо мегӯянд, ки кадом омӯзгор чӣ кор мекунад. Афкори ҷомеаро омӯхта бо ҷомеа кор кардан даркор. Вазифаи мою шумо танҳо зери панҷара шинондани шаҳрвандон нест. Корҳои профилактикӣ кардан, даркор, ки даст ба ҷиноят назананд. Ҳисоб кунед, агар 10 ҳазор нафарро маҳбас кунед, чӣ қадар кӯдак ятим мемонад? Чӣ қадар зарари маънавӣ мешавад?”

Раисиҷумҳур ҳамчунин аз бахилиҳо дар мақомот суҳбат кард, ки ҳам аризаро ташкил мекунанду ҳам худашон санҷиш мегузаронанд, то ин ё он кадрро миёншикан кунанд: “Ин хел фактҳо ҳам дорем. Аммо ин аз рӯи инсонгарӣ нест. Хубаш пеши роҳашро бе телевизиону дигар гиред”.

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мансабдорони тоҷик таъкид намуд, ки “ягон нафари шуморо мардум интихоб накардааст. Мардум роҳбари худро интихоб кардаасту роҳбар ба шумо бовар карда, ба вазифа таъин кардааст. Ман далелҳо дорам. Ҳатто наворҳо дорам. Ҳозир ягон чиро пинҳон кардан намешавад. Мардум бояд донад, ҳаракату даромаду зиндагии ҳамаи мо-хизматчиёни давлатиро”.


ВИДЕОИ ПУРРАИ БАРОМАДИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ШӮРОИ АМНИЯТ:


Мӯҳр
Фарход
ОФарин ! Худовнд Шуморо нигахбон Чаноби Оли.

Адолат
Офарин ба хамин Чаноби Оли! Агар хамаи вазифадорони Чумхури бо хамин супоришу фармонхои рохбари давлат амал кунанд точикистон гулистон мешавад вале афсуз ки интавр нест хамаи ин дугу пуписа дер давом намекунад боз якчанд рузи дигар гапу калоча ва ба хамин боз камбудихои пешина давом хоханд дод....

Ахсан Чаноби Оли! Дарди дили мардуми бечораву камбагала гуфтед, пеши рохи инхоро сари вакт бояд гирифт, рахмат ба ШУМО!

Мухлис
Бехтарин суханхо агар амали ё ичро шавад лекин инчо агаре хаст ки ин спетакл ё проста рол бози кардан дар арафаи ИНТИХОБОТ набошад.
Худованд тамоми ниятхои неки Чаноби Олиро амали гардонад.

сарсрн
Чаноби оли аз шумо хохишдорам нохияи исфара хам хсусан чоркух ро тафтишкунед бачонам раиси чамоати чоркух расонд бо ягон ходиса нашавад илтимос

Чун хамеша дуруст мегуеду аммо хеч дигаргуни намешавад, дар руи когаз асту халос.

Номдор: н.Рудаки
Панч сол пеш ДС аз корупсия чамоатро тарсонид, ба ивази тарсондан аз дехаи Кайиргоч чамоат замини маро гирифта хамчун пора ба дод. заминамро баргардонед!

аллох нигах бонт боша чаноби оли дар хакаш дуои хайр кунен бисер мехнат кадаи мард

Аптекчи
Аз Агентии зидди фасод ва корупсия хохиш мекардем,ки лачоми кормандони Хадамоти назорати фаьолияти фармасевтиро кашанд. Кормандрни ин хадамот аз хеч кас ва хеч чиз натарсида руи рост аз мо сохибкорон доимо ришва талаб мекунанд. Боз мегуянд,ки раиси мо ,яьне рохбари Хадамот хеши Президент мебошад ва моро хеч кас кор намегирад.

фарход
Тоҷикистон
Салом ба кули мардуми шарифи тоҷик,
Ман хело ҳам самимона ин Шуро-ро нигоҳ ва гӯш кардам, ки нисбат ба дигар ҷаласаҳои гузашта хело ҳам фарқ мекарду ҷидди ва самими буд.
Умедворам, ки Ҷаноби Олӣ ин гуфтаҳояшро ва талаботҳояшро таҳти назорат мегирад ва ҳамаи мақомдорони давлати мо самимона ба ватан ва халқ хизмат мекунанд.
Рости гап ман як чизро ба қалам мегирам, ки сидқан ба интихобот нияти рафтан ва овози худро додан ба ягон ҳизб надоштам, лекин баъди ин ҷаласаи Шурои амният, ки Ҷаноб аз системаи сохтаи худ ва интихоби кадрҳои худ интиқодҳо кард, ман ҳис кардам, ки ба дарди мардум доруе пайдо шуда истодааст ва навовариҳо ва пешравиҳо дар оянда ба назар хоҳад расид.
\МУРОҶИАТ БА ҶАНОБИ ОЛӢ/
Ҷаноби ОЛӢ аз Шумо сидқан хоҳиш дорам, ки ҳамин гуфтаҳои худро таҳти назорат ва иҷроиш қарор диҳед ва ришфаю фасодро решакан кунед, ки ман ба боварии худ нисбати Шумо пайдо кардам сазовор/лоиқ шавам. Бисёриҳо менависонанд, ки ин як намоиши навбатии пеш аз интихоботист, вале эҳсосоти даруни/қалби дигар аст, ки ин амали сидқан барои ободии Ватан ва Миллат аст. Агар ин намоиши навбати бошад тавакалат бар Худованд, агар ин амали ҷидди ва сидқан барои пешрави бошад Худованди Кариму Раҳим нигаҳбонат бошад ва қуввататон диҳад, ки ба мақсаду маром расед.

кулоб муслим
786
Салом миллат. Худо дар хидояти раисчумхурамон ва мо милат биафзояд бешумор.
Ин бор Худо кунад ки сахнача набошаду мардум фиреби нашавад. Агар барои Худо ва мардум рост ва дурус кор кунад чаноб, мо хам тарфдори худаш ва бачашам хастем интихобшам мекунем. Кам кам бо масчид ва дини Аллох наздиктар шидан гира бозам Худо ва миллат бештар дусташ медоран. ИншоАллох.

Фарход,
Ахсан ! Аммо.......

чинди
хайрон нашудам..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)