Бахшҳо

Дастури Аҳтам Абдуллозода барои оғози тамоми чорабиниҳои варзишӣ бо Суруди миллӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, минбаъд тамоми варзишгарон танҳо бо назардошти натиҷаи иштирокашон дар мусобиқаҳои Тоҷикистон ба ҳайати тими мунтахаби кишвар ворид мешаванд. Ин тасмим дар пайи дастури ахири Аҳтам Абдуллозода, раиси ин Кумита эълон шудааст.

Наврӯз Қурбонов, масъули бахши иттилооти Кумита имрӯз, 19 март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати чемпионатҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст: “Истисно дар чунин ҳолат танҳо дар сурати зарурати фавқулода дода мешавад”.

Манбаъ мегӯяд, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи шаҳр, минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ бо фармоиши Аҳтам Абдуллозода, тамоми федератсияҳои варзишӣ, сохторҳои маҳаллии кумита ва дигар воҳидҳои дахлдор муваззаф шудаанд, дар муҳлати то 50 рӯзи баргузории чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ таклифҳои худро ба Кумита ирсол намоянд. Тибқи ин дастур сохторҳои маҳаллии Кумита барои муайян намудани дастаи мунтахаби вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби варзишгарон марҳилаи интихобиро баргузор намуда, бо муайян кардани варзишгарони беҳтарин онҳоро барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ сафарбар менамоянд. Ба иттилои Наврӯз Қурбонов, “дар фармоиши мазкур аз масъулини соҳа тақозо мешавад, кушодашавии тамоми чорабиниҳои варзиширо бо оҳанги ифтихории Суруди миллӣ оғоз карда, раисони федератсияҳои варзишиву дигар ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи варзиш дар кушодашавии чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ шахсан иштирок варзида, ба иштирокчиён доир ба мазмун ва моҳияти намуди варзиш ва корҳои ба анҷомрасонда барои рушди он дар кишвар маълумот манзур намоянд”.

Дар ин фармоиш инчунин гуфта шудааст, масъулин иштирокчиёнро барои таблиғи тарзи ҳаёти солим даъват намуда, 15 рӯз пеш аз баргузории чемпионати Тоҷикистон маводи тарғиботиро вобаста ба намуди варзиш, ҷой ва макони баргузории он дар байни шаҳрвандон паҳн намоянд.
Мӯҳр
Дима
Больще некого неношли? Всегда это Абдуллазаде, или у вас контракт ест?

журналист
Аз хама кори мушкил аз Кумита гирифтани иттилоъ аст. Дафтари матбуоти Кумита умуман кор намекунад ва дар асри 21 Кумита, ки пешбарандаси сиёсати чавонон, варзиш ва сайёхи аст (се бахши багоят мухим) сомона надорад. Ахтам Рустам агар рушди сохаро сидкан мехохад бояд дафтари матбуоташро фаъолтар кунад. зеро хар се бахше, ки бар души Кумита аст асоси рушдаш таргибот мебошад. Таквими бозихо бояд тарики телевизион ва радио пахш шавад. Танхо дар Сафина барномаи Рузномаи варзишаст, ки таквими бозихоро эълон медорад аммо маълумаст, ки аз Кумита маълумот надорад. хама хабархояш аз федерасияхо мебошанд. Бояъ худи масъулони Кумита хавасманд бошанд, ки хабари баргузории чорабинихояшон лоакал 10 руз пеш тарики телевизион ва радио таргиб шавад. Аммо хайхот, ки пресс-секретари Кумита аз доираи журналистика фарсаххо дураст.

ман
рост, Сафина бехтаринай, танхо дар Сафина варзиша таргиби зур мекунанд! барномаи Рузномаи варзиша бояд Ахтам Рустамам тамошо кунад. "агар вакт дошта бошад"

zab
amu barrandai Ruznomai varzish dvoiniki Maliksho bosha

собик варзишгар
фикри бехтарин!!!! Браво!!! Як низома чори кнен!!! Тартибот ба хама маъкул аст!!! Рахмат

Мутахассис
Варзишро намефахми фармон баровардан мегири асос надорад барои гузаронидани мусобикахои Шахри вилояти маблаг проблема аст дастаро 50 руз. Чи Хел тайер мекуни нафами ки дар нохия вазъи варзиш дар чи хол. АСТ ин кисми низами нест

Чавоб ба мутахассис.

Пеш аз оне, ки як чизро дуруст сарфахм рави як аввал маколаро дуруст то ба охир хон, мухтарам "мутахассис". Гап дар сари он аст, ки дар хакикат дар соха хамохангсози (координация) кариб, ки аз байн рафтааст. Ин фармоиш сари вакти мебошад. Вакти он расидааст, ки соха ба тартиб дароварда шуда, низоми дурусти хамохангсози рохандози карда шавад. Соха кам хам бошад маблаггузори шуда истодааст. Аммо хазорхо маблаггузори шавад, хам лекин тартибу низом чори нашавад, хеч гох соха рушд намеёбад. То кай мо кадрхои нимтайёрро хешу таборбози карда, дар хар мусобикаи сатххои гуногун баровардан мегирем ????? бас будагист ба фикрам. Вакти он расидаааст, ки дар мусобикахои сатххои гуногун дар хакикат хамон варзишгароне иштирок кунанд, ки ба ин лоиканд.

Мухтарам, мутахассис ин аст - философияи зиндаги . Пул гуфта, ягон кор накарда хам намешавад.

Барои хамин, ба чавонони рохбар муваффакият. Факат ба пеш дар чое,ки кор хаст мушкили хам пайдо мешавад.

Ба Шумо, рохбари чавонтарини хукумат муваффакият ва ислохоти сохаро пеш бурдан даркор аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)