Бахшҳо

Дарёфти ҷасади 6 қурбонии ярч дар Файзобод

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади боз 3 қурбонии ярчро дар деҳаи Яккабеди Файзобод аз зери хок пайдо карданд.

Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз, 10 апрел ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки нафарони ёфтшуда Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Саид Ҷалилови 18-сола ва Наим Қурбонови 26-сола мебошанд.

Ориф Нозимов қабан ба "Озодагон" гуфта буд, ки низомиёни маркази наҷотдиҳии кумита соати 8:00-и рӯзи 7 апрел ҷасади Мақсуд Толибов, соли тавалудаш 1996-ро аз зери хок берун овардаанд. Дар маҷмуъ то ҳол аз 10 қурбонии ярч дар Файзобод ҷасади 6 нафарашон дарёфт шуда, кофтукоби ҷасади 4 нафари дигар идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 3 апрели соли равон дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод тақрибан соати 13:10 дақиқа ярч фаромада, 10 сокини деҳаро, ки тариқи ҳашар ба таъмири қубури обгузар машғул будаанд, зер кард. Дар пайи ҷустуҷӯ рӯзи аввал ҷасади ду нафар -- Шодмон Алимардонов, соли таваллудаш 1990 ва Муҳаммад Умаров соли таваллудаш 1987 дарёфт шуда, ҷанозаи ҳашт тани дигар дар ҷои ҳодиса хонда шуд. Бо далели мавҷуд набудани роҳи мошингард ва зиёд будани хоки лағжида корҳои ҷустуҷӯӣ муваққатан қатъ гардид, аммо ба зудӣ он аз сар гирифта шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, то ҷои ҳодиса роҳ кушодаанд ва чанд техника ҳам барои гуруҳҳои наҷотдиҳанда ҷудо шудааст.


Дар акс: Мақсуд Толибов, яке аз қурбониён
Мӯҳр
абдуллочон
Озодагон холатхои фавкулода не мардуми дехаи якабед худаш он ёфтаанд

Ба Абдуллочон
Бародари азиз шукрона кунед
Фаркаш чи вазорати холатхои фавкулода ефт е мардуи дехаи якабед
Мо хама як миллатем. Шукронаи Худованд ки давлати мо тинч ором осуда аст. Аз ин бадбинихо хубтараш дилхоро тоза карда бо якдигар тифок шавем хама аз як гиребон сар бароварда сиесати пешгирифтаи рохбари давлатро дастгири намуда дар рушду нумуи кишвар сахми хешро гузорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)