Бахшҳо

Чоргоники 2-юм дар Соли Оила: Президент хона медиҳад? (ВИДЕО)

Субҳия Норинова, як зани 23 солаи деҳаи Варзиканди ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, шоми 22 май дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе чоргоник-3 духтар ва 1 писар ба дунё овардааст.

Наргис Ниёзова, духтуре, ки чоргоникҳоро парасторӣ мекунад, имрӯз, 25-уми май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло саломатии навзодон каме вазнин аст ва барои беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд. Ниёзова таъкид намуд, ки кӯдакон дар шуъбаи эҳёгарӣ, дар дохили қутии махсус мавриди табобати оксигенӣ қарор доранд: “Саломатии модарашон хуб аст, назди кӯдаконаш омада хабар мегирад. Ширмакониро аз пагоҳ кам-кам сар мекунем. Ҳозир ширро тавассути дастгоҳи махсус мегиранд”.

Парастори чоргоникҳо афзуд, ки кӯдакон пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд: “3 духтару як писар. Дувумаш писар аст. Кӯдаки якум бо вазни 1 киллою 110 грамм, дуюм 1 киллою 340 грамм, сеюмаш 1 киллою 100 грамм ва чорумаш бо вазни 1 киллою 150 грамм таваллуд шудаанд. Ҳаракат мекунем, ки хуб табобат ёфта, нағз шаванд”.

Субҳия Норинова, модари чоргоникҳо мегӯяд, бо таваллуд шудани чоргоникҳо хеле хурсанд шудааст ва худро хушбахттарин зан меҳисобад. Модари чоргоникҳо ба “Озодагон” гуфт, табибон гуфтаанд, ки вазъи саломатии фарзандонаш бад нест: “Шукронаи Худо ваъи саломатияшон хуб, духтурон гуфтанд ҳамаашон хубанд. То ҳол фарзанд надоштам. Ин таваллуди якум аст ва аз таваллуди чоргоникҳо бениҳоят хурсанд шудам. Бе мушкилӣ таваллуд шуданд, падарашон ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд”.

Субҳия Норинова гуфт, вақте хабари чоргоникҳоро ба падари фарзандонаш расонд, ӯ хеле хурсанд шуда, рӯзе то 10 маротиба занг зада, аҳволпурсӣ мекунад: “То ҳол ном нагузоштаем.Калонтарҳои хонавода ном гузоранд беҳтар аст. Бобову бибияшон ном мегузоранд”.

Хонум Норинова қайд намуд, ки то ба ҳол падару модар, хусуру хушдоман ва дигар наздиконашон ба беморхона ба дидорбинии ӯ омадаанд, вале дар мавриди он, ки оё намояндае аз мақомоти давлатӣ ба хабаргирияшон омадааст, модари ҷавон посух дод, ки то ҳол касе аз ҳолашон хабар нагирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова, як модари 26-сола низ чоргоник таваллуд намуд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фоли нек дар Соли Оила арзёбӣ шуд. Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи Гулшан Маҷнунова дар Душанбе хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо гардид.

Аммо дар мавриди кӯмак ба хонаводаи Субҳия Норинова то ҳол мақомоти давлатии Тоҷикистон иттилое надодаанд.


Мӯҳр
tojik xuja
umedvoram az hamin soli OILA 500,000 modari tojik 4gonik kuna yabora bajoi iqtisodiyoti davlat marduma safsha ziyod kunem kudak ki omad rizqush pesh az xudash meoya ba shoyad iqtisodiyoti davlatmonam kamakak jumbadddd VA DAR OXIR BO PADARI IN FARZANDHO TABRIK GUFTANIAM

Барои макомот хабаргири омаданаш аввал географияша бинед, аз кадом минтака аст? Баъд номи макомотро инчо зикр созед

СУБХОНАЛЛОХ ШУКРИ АЛЛОХ ,КИ 4 ГОНИК БОЗ БА ДУНЁ ОМАД ДАР ОЙЛАЙ ЯК ТОЧИКИ МУСАЛМОН АЛЛОХ АВАЛ ХИДОЯТАШОН КУН ВА УМРАКАШОНРО ДАРОЗ ВА ХАМЕША ХИЗМАТ ДАР ПАДАРУ МОДАР ВА АЗ БАРОЙ РОЗИГИЙ ХУДАТ ХИЗМАТ КУНАН ЭЙ АЛЛОХ ДАР ИСЛОМ .ВА ХУКУМАТИ ТОЧИКИСТОНРОХАМ БОЗ ХИДОЯТ КУН ЯК ХОНА БАР ИН ХОЯМ АЗ ЧОНИБИ ДАВЛАТ НАСИБАШОН ГАРДОН ОМИН ВА ПАДАРАШОНРО БО САРИ БАЛАН БАР ПЕШАКШОН ОРИ ОМИН

99
4.хонагӣ диҳанд!!!

хакгу
Худован умри и тифлаконро дароз гардонад. Анакнун мебинем ки махалгарои хаст ё не! Ба сегоникхо 3хонага падарка шуд. Агар ба чоргоникхо 4хонага падарка кунанд ба малум меша ки дар сатхи хукумат махалгарои нест. Вагарна шармандагии махалгарои ошкор мешавад!!!

Худованд умри тифлаконашро дароз кунад. Автобиографияаш хуб, локин дар мавриди хона географияаш мувофикат намекунад.

Банда яке аз хамсоядехагони ин чоргоникхо хастам. То чое ман огохам падари ин чоргоникхо касбаш омузгор аст. Азбаски масъулини чамоати дехоти Лоик ба у як китъаи замини наздихавлигиро раво надиданд вай тарки пешаи омузгори карду ру ба мухочират овард.

Падари чоргоникхо табрик шодиена дех раисаи чамоати Лоик бароят як китъаи замин чудо кардааст

Ба 99.
Не бародар, 4 хонаги намешавад. Барои зодагони Сунду Помир хеч мемкин нест. Ба Хисору шахринав хам. Волидон бояд баъди УЗИ кардану маълум намудани чанд кудак дар батн дар минтакаи мувофик бояд прописка мекарданд е муваккатан ба он чо мекучиданд. А так, бесполезно, не намешавад.

Озодагон дар хакикат чангандоз будаи касе ки дуругу рост навистан гирад хамонро чоп мекуни тамом.

Инхо камтар сахв кардаанд. Агар ба Россия прописка мекарданд. Путин як сехонаги медод. Дар дехаи Кумоки чамоати Лоики н.Панчакенти низ 1 чоргоники дигар ба кайд гирифта шудааст

беном
Шумо хушбахтарин занен апаи Субхия муборак шавад .Худованд нигахбонатон бошад.

хуршед
АГАР АЗ МИНТАКАИ ЧАНУБИ ТОЧИКИСТОН МЕБУ ДАРХОЛ МАСУЛИНИ ХУКМАТ ХАБАРГИРИШОН МЕОМАД АММО АФСУЗ АЗ МИНТАКАИ ШИМОЛ!
"замин сахту осмон баланд! ноилоч

Исрофилов
Бадбахтона, имруз яке аз тифлони маъсум вафтид. Ба падару модар, бобою бибиаш сабри чамил хохонам. Худо кунад, ки дастгири рузи охиратошон шавад. Худованди бузург чояш чаннат гардонад

Барои хами бачаи камбагал акалан якхонага надодане?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)