Бахшҳо

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар парвандаи ҷиноӣ боз карда, гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ амволашро ҳисоб намудааст.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон гуруҳи тафтишотӣ муайян кардааст, ки Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ, хоҷагии асппарварӣ ва як қатор иншооти дигар мебошад.

Тибқи гузориши мақомот Ҳоҷӣ Ҳалим ғайриқонунӣ соҳиби молу мулки зиёд шуда, аз ҳисоби даромадаш ба гуруҳи шарикони худ маблағҳои муайян медодааст: “Аз ҷумла корхонаи нонпазӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанберо гирифта, дар ҳудудаш ғайриқонунӣ хонаи сеошёна бунёд намудааст. Зимни кофтукоб аз ин хона фиттаҳо зиёди динӣ дарёфт гардидаанд”.

Инчунин ба иттилои мақомоти тоҷик Ҳоҷӣ Ҳалим дар ноҳияи Варзоб се истироҳатгоҳи боҳашамат бо номи “Зафар”-ро бунёд намудааст, ки арзиши хеле гарон доранд: “Дар баробари ин Назарзода бинои Донишкадаи геодезии Академияи улумро дар гузаргоҳи 3-юми маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ соҳиб шуда, баъди таъмир ба манзили истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст”.

Манбаъ мегӯяд, Назарзода хоҷагии деҳқонии “Тобистон”-ро, ки 148 гектар заминро фаро мегирад, барои парвариши зироатҳо ба шахсони алоҳида супоридааст: “Дар ҳудуди ин хоҷагӣ инчунин фабрикаи мурғпарварӣ фаъолият мекунад”.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки хоҷагии номбурда чор маротиба бо қарори додгоҳ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, аммо Назарзода бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст.
Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин собиқ соҳиби корхонаи мурғпарварии “Тарз” муаррифӣ мешавад, ки онро ба ивази 500 ҳазор ба Саъдулло Насруллоевич фурӯхтааст: “Дар баробари ин 15 гектар замини ширкати “Сохтмон Р”-ро, ки дар гузашта бо номи “Лесоснаб”-и ноҳияи Шоҳмансур машҳур будааст, аз худ карда, қисм-қисм ба шахсони алоҳида фурӯхтаю ба иҷора додааст. Инчунин аз ҳудуди ин корхона дар шафати кӯчаи Зебуниссо Ҳоҷӣ Ҳалим толори варзишии “Лидер” ва тарабхонаи “Зайтун”-ро бунёд кардааст”.

Гуруҳи тафтишотӣ инчунин муайян намудааст, ки собиқ муовини вазири мудофиа дар кӯчаи Аҳмади Дониш кафе-бари “Бахтиёр”-ро бунёд кардааст: “Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб як мағозаи фуруши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дузандагӣ вуҷуд доранд, ки тибқи бархе маълумот ба зани сеюми Ҳоҷӣ Ҳалим тааллуқ доранд”.

Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин соҳиби хоҷагиҳои асппарварию парвариши чорвои калони шохдор дар ноҳияи Рашт муаррифӣ мешавад.

Мақомот мегӯянд, собиқ муовини вазири мудофиа бо аҳли оилааш дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар як бинои 12 қабата 5 хонаи ошёнаи 5-умро харидорӣ карда, дар он ҷо зиндагӣ мекардааст: “Ҳамчунин дар хиёбони Рӯдакӣ-187 ошёнаи сеюми як бинои сеошёнаро харидорӣ намудааст”.

Ин иттилоияи мақомот дар ҳолест, ки гуфта мешавад Ҳоҷӣ Ҳалим солҳои 90-уми асри гузашта дар хориҷи кишвар ба тиҷорат машғул будааст ва баъди имзои шартномаи сулҳ бо маблағи калон ба Ватан баргашта, корхонаҳои зиёдро харидорӣ намудааст.


(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм
Мӯҳр
Нигина
Вакте ки гариконуни мегуед изо намекашед. Вакте ки гайриконуни кардааст охир макомоти тафтишотию дигару дигараш кучора нигох мекардааст. Суду прокуратура дар кучо буданд. Хайф ки Чаноби Оли Шумо баринхоба бовар кардаасту имруз Шумо дигар тарафхои фоидаовара мекобед.

Кангрти
Ана маьлум шуд, ки барои чи ин кадар ташвишхо. Хама гап дар амволаш. Ба фикрам сохибони ин амвол кайхое ба тендери дуругин тайер. Озоди рахмат

шоди
Акнун маълум шуд, ки Прокуратура барвакт атрофаш корро сар карда будааст. Хочи медонист ки такдиращ мисли Зайд саид мешад, ба чунин кор даст Зад. Окибати Хамаи дуздхои сари мансаб хамин аст. Хости Худост, мардуми бечора низ ОХ дорад

Бунёд
Оо ин ними дороии Точикистон куу

муслима
ХАНДАОВАР "бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст" руирост гуед ки хама кормандони макомотхои давлатию кудрати порахур КОРРУПСИОНЕР.

Эхааа, ин генерал сохиби хама чи будаасту лек ба хамаи ин ношукри карда бо бар Ватанаш хиёнат кард! И турфа хеч вакт ислох намешаванд ва хамавакт харакат мекунанд, ки мардуми бечораро гумрох намуда, чангу чудолро чори кунанд. Нест бод хиёнаткорон!!! Зинда бо сулху субот!!! Озодагон хатман нашр кунед!!!!!

Умия
У ки хизматчии давлати буд эъломияшро бинед ки чи кадар амвол дорад. Агар ба номи дигар нафар бошад наметавон ба моликияти каси дигар сохиби намуд. Зеро Сарконун хифзи моликияти шахрвандонашро кафолат додааст.

Халномаи Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистонро кадом судия бароварда буд? Ба чавобгари кашида шавад.

антифасод
Халномаи суд дар даст дорад,айби ки?Фасодзадагии макомот

Андарз
Ана окибати ношукри. Бехуда шоир нагуфтааст:

Хар кас,ки нонро хурдаву по бар намакдон мезанад,
Нон, мезанад, нон мезанад, ношукрро нон мезанад.
Худо нигах дорад аз ин курнамакон, Ага не ин молу амволат хафт пуштатро мехуонду мепушонд. Чи намерасад дигар?

Таҳлилгар
Ин баёнияи Прокуратура бисёр чизҳое, ки ҳукумат онҳоро такзиб мекард, тасдиқ кардааст. Ба ҷумлаи зер аҳамият диҳед.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки хоҷагии номбурда чор маротиба бо қарори додгоҳ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, аммо Назарзода бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст.

Ҷумлуи боло зарурат ба шарҳе надорад. Мақомот худашон гуфта истодаанд, ки дар судҳои Тоҷикистон ҳатто дар Суди Олии Иқтисодӣ баҳсро "бо роҳҳои гуногун" метавонӣ ба манфиати худ ҳал кунӣ.
Дар Тоҷикистон як "роҳи гуногун" аст - мулло ҷиринг!

Ин баёния барои ба ҷавобгарӣ кашидани судяҳои порахури Суди Олии Иқтисодӣ ҳама шароитро таъмин мекунад.
Чаро мақомот аз паи ин қазия намешаванд?!

Озодагон, чоп кунтон, шояд ягон боақл хонда мебинад.

Ро
Ин як бози буд барои гирифтани иморато

Тамом. Ин аст окибати ношукри. акнун мурдаи Ленин хам ба гардани хамин бор мешавад

Барои чи вакте ки ин ходисахо набуданд хеч кас ба дороии Хочи Халим кордор набуд аммо имруз ки ӯ мукобили ин хокимияти диктатори баромад ин маълумотхоро ёфтанд? Ба хама маълум аст,ки ӯ то ба Точикистон бар гаштана ба тӣчорат машғул буд .Хай инкадар дорои дошта бошад худо хамикаи дигар бидихад уро.

бехруз
Фахмо шуд чаро генерал исён кард намехост мисли Зайд Саидов шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)