Бахшҳо

Стратеги №1-и Президент: Аз маоши «айтишник»-ҳои ДИИШ то салафия дар маҳбасҳо ва таҷрибаи сайтбандӣ

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гуфт, ҷалби ҷавонон ба созмони террористии “Давлати исломӣ” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад ва сайтбандиҳо дар Тоҷикистон як таҷриба алайҳи ин раванд мебошад.

Ӯ имрӯз, 26 декабр, зимни мизи гирд дар мавзӯи ифротгароии ҷавонон дар Душанбе изҳор дошт, Абубакр Бағдодӣ, ки худро халифаи “Давлати исломӣ” эълон кардааст, худ “айтишник”-донандаи хуби технологияи иттилоотӣ мебошад. Ба иттилои раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ Бағдодӣ дар атрофаш ба ивази 25 ҳазор доллар маош “айтишник”-ҳои дигарро ҷамъ намудааст, ки шабонарӯз ба таблиғи созмони террористии “ДИИШ” машғул мебошанд. Оқои Холиқназар инчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ахиран ҷангҷӯёни “ДИИШ” дар минтақаи Нангарҳори Афғонистон як радио бо номи Садои Хилофатро ташкил кардаанд, ки бо забони тоҷикӣ ба таблиғи ин созмон машғул мебошад.

Дар мавриди пешниҳоди коршиносони технологияи иттилоотӣ, ки барои мубориза алайҳи ифротгароён ҳукумат бояд дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии фейсбук, одноклассники ва дигар сомонаҳоро таъмин намояд, Худойбердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки ин масъалаи бисёр мураккаб аст. Ӯ бо зикри фаъолияти мубаллиғони “ДИИШ” дар фейсбуку одноклассники илова намуд, ки дар Тоҷикистон барои таҷриба дастрасӣ ба ин шабакаҳо масдуд шудааст. Ӯ гуфт, ин чораи муваққатӣ аст ва баъди гирифтани натиҷа дастрасӣ ба сомонаю шабакаҳо барқарор хоҳад шуд.

Зимни мизи гирд таъкид шуд, ки саҳифаи «Twitter»-и «ДИИШ» 13 миллион хонанда дорад. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршиноси масоили технологияи иттилоотӣ барои муқоиса изҳор дошт, ки саҳифаи Twitter-и Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико 8,5 миллион, саҳифаи «Манчестер Юнайтед» 3,5 миллион хонанда дорад.

Дар мавриди омилҳои гаравидани ҷавонон ба саффи гуруҳҳои ифротӣ оқои Холиқназар аз ҷумла бекорӣ, фақр, коррупсия, таблиғи шаддид тариқи интернет, омода набудани ҷавонон аз нигоҳи идеологӣ ва сиёсӣ, муҳоҷирати танзимнашуда ба Русия, надонистани асосҳои Ислом, эмиссарҳои хориҷӣ, буҳрони худшиносӣ-ҷустуҷӯи асолати хеш, доштани марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, анъанаҳои заифӣ дунявият дар байни аҳолӣ, махсусан дар деҳот, бесаводии ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва таълими ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишварро ном бурд.

Ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназар бисёри мадориси хориҷӣ, аз ҷумла дар Покистон салафиҳои такфирӣ тайёр мекунанд. Ӯ гуфт, баъдан салафиҳо ба пайравонашон фармон медиҳанд, ки ба Ватан баргашта ҷиноят содир кунеду маҳбас равед: “Дар маҳбасҳо салафияро таблиғ мекунанд. Имрӯз 70-80 фоизи маҳбусҳо салафиянд. Агар онҳо бароянд чӣ кор мекунанд?”.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ илова намуд, ки тадқиқот миёни ҷавонон нишон дод, ки бисёрашон аз оддитарин асосҳои Ислом огоҳӣ надоранд ва фарқ байни мазҳабҳоро дарк намекунанд. Ӯ гуфт, бо назардошти ин пешниҳод кардаанд, ки дар синфҳои болоии макотиби миёна ва донишгоҳҳои кишвар фанни “Таърихи дин” таълим дода шавад.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ таъкид намуд, ки 80 фоизи ҷавонони тоҷики ҷалбшуда ба ДИИШ дар Русия, замони муҳоҷират фирефта шудаанд. Ӯ гуфт, ҳанӯз ду сол пеш ҳушдор дода буд, ки гуруҳҳои калон аз Қафқоз дар Русия ба ҷалби муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротӣ машғуланд.
Мӯҳр
Чудо хам стратеги зур будааст Стратеги №1 гуфтед-а! Офарин, гапошон пурра дуруст. Лекин як илова хаст фикраш ба: агар мо хам "айтишник"-хоро чамъ карда 25000 доллар не акаллан 2000 доллар медодему муборизаи иттилооти зидди ДОИШ мекардем бехтар буд. Зеро як хамшахри мо гуфт ки дар Маркази стратеги маоши айтишник 700 сомон будаст ягон 80-90 доллат дия. Пас разнится болшая гуем мешщавд. Это тоже пиша диляч размешления

Дар хакикат тахлилашон дуруст. Хуб аст ки сабабхои ичтимои сиёси иктисоди дини ва хаамашро якчоя гуфтаанд. Ин назари дуруст аст рафтани чавоно чандин сабаб хамзамон дорад. Баъзе бо як саба баъзе бо сабаи дигар. Факат ба як саба гуфтан дуруст нест. Мураккаб аст. Саломат бошед устод. Фикри удруст

Хасан аз нуробод
Имруз аксарияти мутахасисони мо пайвастани чавононро дар дониши пасти дини мансуб медонад. Ваале ба андешаи банда сабаби асоии гароиши чавонон (такрибан 90%) на дар савияи пасти дониши дини ва фаркияти мазхабхо балки дар дарёф накардани чойхои кории устувор дар дохили кишвар арзёби мегардад. Имруз бинет ки аксарияти чавонхое ки ба гурухои давлати исломи пайваст мешаванд онхо мухочир мебошанд ва барои дарёти кути лоямут ва халли масъалахои ичтимоии худ ба хама кор кодиранд. Мо бояд роххои баланд бардоштани сатхи хавастмандкунонии иктисодии чавононро дар дохили кишвар чустучу намоем. Аз чори намудани омузиши таърихи дин, бехтар аст ки роххои муосири ташкили бизнез, механизми истифодаи дуруст ва самараноки захирахои молияаи-карзиз он чумла молияи ахоли дар мактабхои миёна таълим хамчун фанни омузиши дода шавад. Чаноби стратеги №1.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)