Бахшҳо

Пешниҳод барои боз кардани парванда алайҳи Рустам Абдуллоев

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, хостори боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рустам Абдуллоев, академики узбак, шудааст, ки ахиран аз ҳукумати кишвараш бомбаборон кардани нерӯгоҳи барқи обии Роғунро талаб кард.

Хонум Воҳидова аз Додситонии кулли Тоҷикистон хост, алайҳи ин академики узбак барои даъват ба харобкорияш парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Ӯ, инчунин, аз академикҳои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон хост, дар робита ба изҳороти Абдуллоев хомӯш наистанду ҷавоби мушаххас ироа кунанд. “Академияи улуми Тоҷикистон низ муваззафанд ба ин “ҷинояткор” барои дахолат карданаш дар умури дохилии ҳамсоякишвари худ ҷавоби мушаххас диҳанд”,-таъкид кард ӯ.

Файзиннисо Воҳидова дар идома аз ҳукумати Тоҷикистон хост, тамоми манобеи обӣ, ки ба Узбакистон ҷориянд, масдуд кунад: “Мо вазифадор нестем, онҳоро бо об таъмин кунем. Узбакистон тавони дидани рушду пешрафти Тоҷикистон, аз ҷумла рақобати он дар бозори ҷаҳонии нерӯи барқро надорад. Мо танҳо худамон созем ҳам, аз дасти ин чашмтангон чизе намеояд. Онҳо зӯри таҳдид кардан доранд, на аз ин зиёд. Тоҷикистон кишвари бедарвоза нест, ки кадоме хоҳад, ворид шуда, Роғунро бомбаборон кунад”.

Дар пайи поён ёфтани ташхиси коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва манфиатовар хондани он ба кишварҳои минтақа Рустам Абдуллоев, доктори улуми иқтисодӣ ва академики узбак аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, бо истифода аз нерӯи низомии худ монеи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон шавад. Абдуллоев дар матлаби худ, ки дар торнамои Сентразия.ру нашр шудааст, мегӯяд, “ҳукумати Узбакистон бояд ба Тоҷикистон шарт ё “ултиматум” гузорад, ки ё аз сохтмони “Роғун” даст мекашед ё “мо даст ба иқдоми ҷиддӣ мезанем!”

Ин академики узбак гуфтааст, дар сурати беҷавоб мондани ин ултиматум, Тошканд бояд тамоми нерӯҳои низомии ҳавоии худро ба Роғун сафарбар карда, садди онро ҳадафи бомбаҳои замонавӣ қарор диҳад. Инчунин, ҳамлаи пешгирикунандеро алайҳи артиши Тоҷикистон тавассути вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе анҷом диҳад.
Мӯҳр
Саг меҷакаду корвон роҳаша давом метияд. Асаботона нигоҳ дорен.

Даьвохои миллатгароенаатонро бас кунед.мо барои миллатпарасти чанг намекунем.аммо аз он сабабе ки точикистон мулки мост. ва рогун моли мост мо барои хифзи молу мулкамон ба мудофиа барме
хезем!

tojikoni afgonistonu tojikiston tojikoni kirgizistonu xudi uzbakiston kaiho in ruzro intizorand maxsus tojikoni afgoniston.

антимугул,
Офарин ба ин зани шердил ана хамин хел шахсони бо ору номус бояд дар вазифахои давлати кор кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)