Бахшҳо

Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам...

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар пайи нашри шеъри баҳсбарангезаш дар бораи қатли Фархунда дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ваҳшонияти бемисл”-и ин ҷиноят боис шуд, ки ӯ дар бораи Фархунда шеър эҷод кунад.

Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар мавриди шеъри нави Бозор Собир, “Озодагон” нахуст, суол кард, ки чаро маҳз қазияи Фархунда мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст, зеро ҷиноятҳои даҳшатнок ва қатли мазлумонаи афроди бегуноҳ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кам нестанд?

Бозор Собир: Бале, ман дар сомонаатон хондам, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ дар суҳбат бо шумо ин суолро гузоштааст. Сафир маро экстремист гуфтааст. Кори Афғонистонро монда, ба тоҷикҳо гӯиё дилсӯзӣ кардасту гуфтааст, ана шуморо ҳам мекушанд ку дар Маскаву дигар ҷойҳо. Бале дар Русия ҳам мекушанд, дар Амрико ҳам мекушанд дар дигар ҷойҳо низ мекушанд, ин дуруст аст. Дар ҳама ҷо мекушанд, лекин ба ин ваҳшонияте, ки дар Афғонистон мекушанд, дар ягон ҷои дунё нест. Боз як духтари 27-сола бечораи бекасу бепаноҳро куштаанд. Куштораш 4 соат давом кард, 4 соат ӯро дар майдон сангсор кардаанд, ҳукумат дар куҷо буд? Дар ин 4 соат президент дар куҷо буд? Сарвазир дар куҷо буд? Пулисҳо дар канор истода, тамошобин буданд. Садҳо нафар дар гирду атроф тамошо карданд. Як бечора духтарро калтаккӯбӣ карданд, аз болои бом партофтанд, аз болои ҷасадашон мошин гузаронданд, баъди ин боз сӯзонданд. Ин воқеа 4 соат давом кард, касе нагуфт, ки эй мардум шумо чӣ кор мекунед, ин чӣ гап аст? Боз дар маркази шаҳр. Ҳама тамошобин.

“Озодагон”: Шумо, ки мусоҳибаи Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро хондаед, медонед, ки сафир шеъри наватонро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хондааст ва бо зикри он, ки Шумо “марг бар Афғонистон” гуфтаед, хостори муҳокимаатон шудааст?

Бозор Собир: Бале, ман бар инам. Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам.

“Озодагон”:
Ҷаноби сафир мегӯянд, Шумо уқда, ё худ мушкилоти таърихие бо Афғонистон доред, ки ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафидед ва онро ифшо кардед?

Бозор Собир: Ман ягон мушкил бо Афғонистон надорам, лекин медонам, ки носолимиҳо дар он ҷо зиёданд. Афроди динзадаи ақибмондаи террорист дар сартосари Афғонистон ҳастанд. Ман боварӣ дорам, ки ҳамин экстремистҳое, ки Фархундаро куштанд, маҳз тоҷикони Афғонистонанд. Боварӣ дорам, ин корро ҳатто паштую узбакҳо намекунанд.

“Озодагон”: Дар пайи нашри ин шеъратон, ки ба Фархунда бахшида шудааст, на танҳо сафири Афғонистон, балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ иддао пеш гузоштаанд, ки Шумо ҳамчун шоири миллат боре ҳам барои қатл ва “сарбурӣ”-и ҷавонони тоҷик дар Русия садо баланд накардаед?

Бозор Собир: Дурӯғ, дурӯғ, дурӯғ. Ман дар ин бора чандин бор навиштагиям. Нахондаанд. Ҳатто ҳамин хел навиштам, ки ин кори саҳюнистҳо аст. Ҳамин кушторҳое, ки шумо гумон мекунед, миллатгароҳои рус мекушанд, не. Инҳоро созмонҳои саҳюнистӣ мекушанд.

“Озодагон”: Инчунин шеъри нави шуморо “як шиорпартоӣ”-и сиёсӣ гуфтаанд. Он давоми сиёсати исломситезӣ, ки ба мақомоти Тоҷикистон нисбат дода мешавад, нест? Оё ягон ангезаи сиёсӣ дорад?

Бозор Собир: Не, ягон чӣ, на ангеза ва на ғаразҳои сиёсӣ дорад. Ягон ғарази миллию миллатчигӣ надорад. Мустақиман фоҷиаи ҳамон духтари бечора аст.

“Озодагон”: Бархе шеъри наватонро аз нигоҳи адабӣ низ мавриди интиқод қарор додаанд ва гуфта мешавад, ба пояи он шеърҳои қаблиятон нест. Баҳои худи шумо ба ин шеър дар муқоиса бо шеърҳои қаблиятон чӣ гуна аст? Аъло, хуб, миёна?

Бозор Собир: Ман инро нишаста ҳунармандӣ накардам. Инро аз ҳамон воқеа бардоштаам. Шоирӣ накардаам, санъатҳои бадеиро накофтам, аммо то ҳадди имкон талош намудам, ҳамон фоҷиаро тасвир кунам.

“Озодагон”: Шумо мегӯед, “Эй ниёгонҷӯён” ва идома медиҳед, ки ин аст, ниёгони Шумо. Ин хитоб ба кист?

Бозор Собир:
Ин хитоб ба тоҷикон аст. Аз мақолаи охири ман “Падарони миллат” гирифта шудааст.

“Озодагон”: Дар шеъратон инчунин аз муллою асҳоб зикр кардаед. Онҳо ба қатли Фархунда чӣ рабт доранд?

Бозор Собир: Барои он, ки ҳамин муллоҳо, шайхҳо, охундҳо халқро фанатики дин карданд. Мардум дигар ғайр аз дину масҷид дигар ҳеч чизро намефаҳманд. Фаҳмидан ҳам намехоҳанд.

“Озодагон”: Сухани Иқбол, ки “айб дар Ислом нест, дар мусалмонии мост” чӣ мешавад?

Бозор Собир:
Ман ба ин чандон розӣ нестам. Ислом миллатро намешиносад, Ватанро намешиносад. Гузаштагони мо тарғиботчии калони Ислом буданд, аммо барои ҷамъият чизе наоварданд. Ягон касро на пӯшида кард, на сер. Ҳамон гадо гадо монду бой бой монд. Танҳо умеди хушбахтӣ дар он дунё, ки ин як найранги дигар аст.

“Озодагон”: Ҳамин шеваи гуфторҳои Шумо боис шудааст, ки дар бисёри доираҳо Шуморо атеист ном мебаранд. Албатта ин ҳаққи шумост, мо танҳо фаҳмидан мехостем, ки ин дуруст аст?

Бозор Собир: Бале, ман атеистам. Атеисти советӣ.

“Озодагон”: Фикр намекунед, ки баъзан ҳамин ошкоргӯиҳоятон як зарба ба боварҳои динӣ, нохунзанӣ ба ҳиссиёти диндорон мешавад?

Бозор Собир: Ман ба гӯру чӯби мардум кор надорам, лекин бо ифтротгароӣ дар Ислом сарукор дорам ва зидди онам.

Ин дар мусоҳиба дар ҳоле сурат гирифт, ки шеъри нави Бозор Собир, бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақиз, аз ҷумла норозигии сафири Афғонистонро ба вуҷуд овард. Ин шеъри тозаро Бозор Собир ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
ТОЧИК
ИН АТЕСТ АНТИТОЧИКАМ ХАСТ

..Рахми афгон ба кахри турк баробар аст...Лекин ин атеист,вакте дар гирди дастархони дустонаш шишта нон мехурад,баьд хеста равад чи мегуяд.Рахмат Низом барои нону обат,Буш бигузор бароят Тани сихат дихад,мегуфта бошад?

In shoir ne, Sheroi be mantik, bemane. Ba digar davlat tu chikor dori? Avval kishvari hutta bin, ahvoli mardumi sharifi tojika bin dar kadom holatay. Bo ba mara i shoiray

...уже точикоя паст зад ку
Мегуд одамхои фархундаро куштаги точикони тероранд..хахахаха астагфируллох-астагфируллох

Шарифчон
Хайрият ки Президент нашуди вагарна аз як хамсояе ки каму беш бо мо муомилаи хуб дошт махрум мешудем.

раднавис
Шеъри бозорчаи ноком ба ман мегуяд.
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба ин шоирон!
Атеистони замон!!
Анти ватан!!!
Доду бедод аз ин шоирӣ,
Доду бедод аз ин кофирӣ ,
Хокзанакҳои ленин дар ҳақиқат
Мардуми муслими маъсуми маро механданд,
Ҳақи ин мардуми тоҷики маро мехӯранд.
Сухан ин асту сухангӯй агар бандит аст,
Сухан ин асту сухангӯй агар хоин аст,
Сухан ин асту сухангӯй агар чандрӯя аст,
Малъун аст,
Туф ба бозор,
Ах ба бозор.
Агар ин аст сухандонии ин бозорхон,
Хама он лаън,ки янки ба сараш рехт кам аст,
кам аст.
Боз ҳам кам нашавад сари базар аз ғаму дард,
Ғайри хунпора набинад гули сурх,
Ғайри он гаршоки ленин намонад шапка.
Эй Худобехабарон,
Ана, ин аст ниёгони шумо;
Дузахиёни замон,
Зоғи чаман.
Ана ин шапкаи ленин ниёгони шумост,
Ана ин таҳқири мардум ниёгони шумост...
Ҳақи мардум ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана ин аст ҳамон беадабие, ки шумо мекунед.
Дини Ислом ҷаҳонӣ шуду бозорча нашуд.
Чунки бозорча набуд.
Баъд аз ин рафта бигуед бар ин шоирон
Ҳеҷ бозорча намонад пирӯз.
Аз шумо озодагон илтимос мекунам, ки ҳамонтавре,ки аху туфи бозорро мондеду набуридед, ин радди сари дастии манро ҳам набурида чоп кунед! Чунки шумо озодед кууу

Ман як шахрванди точикистон ба ин мегуям ки аз пушти тувори одамои ватани як бор расво шуд ба тувори грехта ба амрико рафти бо имруз ба бародарони афгон мегем ки мо миллати шуморо хамчун як миллати бофарханг мешиносем фархундаро куштан миллати афгон конун доранд чазора мидиханд тубарин аз миллати мо нестиии мо точикон аз ту безорем

Атеист- яъне беимон. Инсони беимон харчи мегуяд. Ахмият надихед то он хаде, ки ба Шумо ва дину номуси шумо халал ворид накунад. Вале бояд гуфт, ки точикият ва мусалмони ин мафхумхо хело бо хам пайвастанд. Точик гуфта дар чахон мусалмонро мефахманд.

Мухочир
Аз шеъри ин харро хандаву бузро бози, бовар кунед ягон маъниву мантик надорад аз хонданаш касро шарм меояд.

шоир рост мегуяд
Рост мегуяд дар масоили сиюнистхо, ки дар куштори точикон дар Руссия иштирок мекунанд ва заказчики асосиянд. Лекин нагуфт шоир, ки аз кафои исломгарои дар Дуне низ хамунхоянд. Мардуми мусулмон аксарият бесаводанд ва намедонанд , ки равияхои тундгароро низ Исроил бо вучуд овард, ки дигар мусулмононро кушанд ва ба даьвои Фаластину Исроил ягон кас диккат накунад

Хакчу
Хайф умри бесамар ба ту Бозор хайфи номи шоири ту бехудо

Афгон
Мухтарам ozodagon бояд шеърро нашр намекардед сомонаи шумо дар афгонистон хонандаи зиёд дорад!

доро
Эҳҳ Бозор, Бозор... туро бе ҷаноза гӯр мекунанд? Муллоҳо агар мардед, ку садо буланд кунед!

Мухочир
Дар хучуми шумо атаистхо дар афгонистон дар соли 1979 чи кадар занону кудакони афгон вахшиёна кушта шуданд инро барои чи дар шеъри дарч намекуни? Ва ё чашмони ту танхо камбудии исломро мебинад?

рустам
ман ба чои призидент мешудам ин бозориа аз точикистон шата зада сур мекардам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)