Бахшҳо

(ВИДЕО) Бобоназарова: “Ба ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст”

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, то кунун 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намудааст. Дар ҳоле ки барои сабтиноми расмии номзад ба мақоми президентӣ дар Кумисюни марказии интихобот 210 ҳазор имзо зарур мебошад.

Ба ин тартиб, аз рӯи қонуни интихобот хонум Бобоназарова аз идомаи сабқат барои дарёфти курсии президентӣ маҳрум шуда, майдонро барои рақибонаш холӣ гузошт. То кунун Кумисюни марказии интихобот шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки дар миёнашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ низ ҳаст.



Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аз рӯи таҳлилҳояш ва баромади номзадҳои дигар, ӯ яке аз рақибони аслии оқои Раҳмон дониста мешуд ва дар сурати сабтиномаш бозии асосӣ миёни ин ду нафар ҷараён мегирифт. “Аз рӯйи таҳлили ман, ҳамаи номзадҳои дигар бо ҳукумат дар як команда ҳастанд”,-афзуд ӯ.

Вай, ки рӯзи 11 октябр дар нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, “фикр мекардам, ҳатто ин миқдор имзоро намегирем. Рақиби ман як Раҳмон набуд, рақиби ман тамоми ҳукумат ва ниҳодҳо буданд.” Бобоназарова дар идома афзуд, “ба мо аз 8 ҳазор камтар овоз намерасад. Баъзеҳо ба назди мо меоянд, ки пештар имзо монда буданд. Онҳо мегӯянд, агар имзои худро бозпас нагиранд, бо мушкили зиёд рӯбарӯ мешаванд. Ман бар ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст. Медонистам, ки бисёр қонуншиканӣ мешавад, аммо то ба ин дараҷа фикр намекардам. Ин ҳама фишор ва вазъият бозгӯи ин аст, ки ҳукумат намехоҳад аз сари қудрат биравад.”

Номзади ягонаи ислоҳотхоҳон гуфт, рӯзҳои наздик ҷаласаи васеи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ даъват шуда, дар ин замина қарори худро қабул хоҳанд кард. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷикро ба мақоми президентӣ пешниҳод карда, ба ҷамъоварии имзо шурӯъ намуд. Бар асоси қарори Кумисюни марказии интихобот бояд онҳо то ҳафтуми октябр 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда, ба ин ниҳод месупориданд. Аммо баъдан, КМИР эълон кард, ки бо дархости Ҳизби демократу коммунист ва сотсиалист ин муҳлатро то 10 октябр тамдид кардааст. Бо ин ҳол, ислоҳотхоҳон мегӯянд, имзои ҷамъовардаашон кофӣ нест ва онҳо зарур намедонанд, ки рӯйхаташонро ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи бойкоти интихобот гуфт, "инро ҷаласаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ муайян мекунад."
Мӯҳр
shuhrat
Аз Бобоназарова хохиш ва талаб мекунам то ки интихоботро бойкот эълон кунанд.

Хамин холашкая ба президенти чи мондааст

Ин хукумат аз шумо не,балки аз хакикат тарсид.

Сорбон,
Хаким,
Бародарони гиромикадр! Дидем ун нафарое, ки аз назари Шумо бисьёрихо мешиносанд. хочагии дехкония аз хочагии фермери фарк карда наметавонаду уро 210 хазор одам мешинохтааст. Бобоназарова дар давоми фаъолияти корияш танхо барои рушду равнаки чомеаи шахрванди захматхое кашидааст, ки кадри бепоён дорад. Лекин мо то имруз ягон хизмати Гаффоров, Бухориев, Исмонов, Бобоев ва Талбаков-ро дар сатхи давлати мисол оварда наметавонем. Дар хакикат Бобоназарова бо сари баланд 203 хазор зиёдтар имзо чамъ кардааст. Аз хотир набароред, ки интихобот рузи 6 ноябрь баргузор мегардад, табрик кардан барвакттарак аст.

Мехмон
Ба Шомурод.,.. бале гапат дуруст аст.аз паси нахзатихо намерем.аз паси шумо ба гуломи русхо мерем.

ИЛХОМИ
Мухтарама Бобоназарова, 210 хазор имзоро чамъовари карда натавонисти, боз чигуна бо огои Рахмон ракобат мекарди?

Хаким,
Гап сари он нест, ки мардум хонум Бобоназароваро мешиносанд ё на. Мешиносанд! Ишонро ду ҳизби барҷастаи Тоҷикистон пешниҳод карданд, ҳамин худаш бас нест? Гап сари он аст, ки ин мардуми ғофил аз ҳар гуна тағйирот дар "боло" метарсанд. Вируси сталинизм (Сталин 30 сол сари қудрат нишасата буд) ба мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунон сироят кардааст, ки онро ба ин солҳои наздик нобуд карда намешавад. Антивирус надорад. Ҳукумати вақт рақибонашро чунон бадгӯӣ мекунад (аз тариқи ҳукуматҳои маҳаллӣ, радио, ТВ, матбуот ва масҷидҳои зердасташ), ки мардум аз дастгирии онҳо меҳаросанд.

А тарафи дигар, вақте радио ва ТВ шабу рӯз як нафарро васф мекунанд ва нишон медиҳанд, халқи бечора чӣ тавр дигаронро бишносад? Шумо як маротиба сари кӯчаҳои Душанбе баромада аз роҳгузарон пурсед, ки оё Оқил Оқиловро мешиносанд? ДАҲ СОЛ БОЗ САРВАЗИР АСТ! Тавре мегӯянд, он чизе ҳаст аён, нест ҳоҷати баён. Баъзеҳо ба мақсад расиданд, пас, худсафедкунии беҳуда чӣ лозим аст. Он номзадҳое, ки имзо ҷамъ карда, аз "рӯйхати ҳукумат гузаштанд", марионеткае беш нестанд. ЛУХТАКҲОИ ҳукумат. Пас аз бозӣ онҳоро боз ҷамъ карда, ба сандуқча меандозанд. То бозии оянда! Агар то он дам реҳлат накунанд.

Бисмиллохир Рахмонир Рахим .
Мо назхатихо ба шумо хонуме ки на либос на акидаатон ба мо рост намеояд овоз надодем.Барои хамин шумо овоз чамъ карда натавонистед дуруг нагуед, дар умратон ягон бор Бисмилло гуфтаед ? шумо аз Хизби Назхати Ислом пешниход шудед наход ки акли зиёд даркор бошад акалан барои хурмати Ислом як бор Бисмилло гуфта сухан сар мекардед акалан Руймол медоштед . Шумо махсусан ба эътикоди мо ба акидаи мо туф кардед шумо худ одами номаълумед хеч кас намедонад шумо одами кучоэд. Кабири агар дилхох зани сатрдорро пешниход мекард мо дастгири мекардем аммо шуморо Мухтарама Бобоназарова ягон кас овоз намедихад. Бахоначуйи карда хеч касро гунахгор накунед. Ба ахмактарин одам маълум аст ки шумо ягон обу ру надоред чун ки эхтиром ба зани точик надоред . Либоспушии шумо ин тахкири зани мусалмону точик аст. Бирахматика ё архамар рохимин.

Биёед эй дустони азиз як хакикатро эътироф намоем ки ин номзадро касе намешинохт. Ба дехаи дилхохи чумхури равед ва аз рохгузар пурсед ки ин хонум кист? На танхо марди дехкон балки аглаби муаллимон ва мардуми тахсилкарда ба шумо мегуянд, ки ин номро бори аввал мешунавнд. Магар умед дошт, ки хамаи нахзатихо барояш имзо мегузоранд? Бубахшед, аммо ин огои нахшати дигар посухатонро дод. Магар фикр доштед, ки бо ду-се таблиг дар интернет ва мохвора дар ду мох мухлис пайдо мекунед? Чанд дар сади мардум дастраси ба интернет ва мохвора дорад? Норози будани мардум нишонаи он нест, ки онхо дархол номзадии Чаноби ва ё Хонуми "Х"-ро дастгири мекунад? Боз хафт соли дигар мухолифин хоб мераванд ва ду-се мох кабл аз интихобот бедор мешаванд. Ин аст хакикати талх!

Беха
Бале модари азиз офарин ба шумо ки зидди хукумат чунин суханхои хакро руи забон меоред "то кая дасто пеешиба аъриф кунем".

tarsu kabirivu zoirufu guruhaton ast na hukumatdoron.ovoz nagirifted boz chi takkaburi mekuned?

Фахр
Аз суханони Шумо, муаллимаи азиз, 11 октябри соли 2013: Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, то кунун 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намудааст, таъкид мекунам 11 октябр, аз Муроҷиатномаи номзади ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова ба мардуми Тоҷикистон рузи 19.10.2013
Ситоди ҷонибдорони ман ҳуҷҷатҳоро, аз ҷумла бланкаҳои тасдиқкунандаи ҷамъоварии 202 250 овози интихобкунандагонро то соати 11-и худи ҳамон рӯз азм доштанд, пешниҳод кунанд.
Магар шумо то имруз овоз чамъ карда истодаед, мархамат чавоб гуед.

Аз суханони Шумо, муаллимаи азиз, 11 октябри соли 2013: Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, то кунун 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намудааст, таъкид мекунам 11 октябр, аз Муроҷиатномаи номзади ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова ба мардуми Тоҷикистон рузи 19.10.2013
Ситоди ҷонибдорони ман ҳуҷҷатҳоро, аз ҷумла бланкаҳои тасдиқкунандаи ҷамъоварии 202 250 овози интихобкунандагонро то соати 11-и худи ҳамон рӯз азм доштанд, пешниҳод кунанд.
Магар шумо то имруз овоз чамъ карда истодаед, мархамат чавоб гуед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)