Бахшҳо

Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам...

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар пайи нашри шеъри баҳсбарангезаш дар бораи қатли Фархунда дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ваҳшонияти бемисл”-и ин ҷиноят боис шуд, ки ӯ дар бораи Фархунда шеър эҷод кунад.

Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар мавриди шеъри нави Бозор Собир, “Озодагон” нахуст, суол кард, ки чаро маҳз қазияи Фархунда мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст, зеро ҷиноятҳои даҳшатнок ва қатли мазлумонаи афроди бегуноҳ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кам нестанд?

Бозор Собир: Бале, ман дар сомонаатон хондам, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ дар суҳбат бо шумо ин суолро гузоштааст. Сафир маро экстремист гуфтааст. Кори Афғонистонро монда, ба тоҷикҳо гӯиё дилсӯзӣ кардасту гуфтааст, ана шуморо ҳам мекушанд ку дар Маскаву дигар ҷойҳо. Бале дар Русия ҳам мекушанд, дар Амрико ҳам мекушанд дар дигар ҷойҳо низ мекушанд, ин дуруст аст. Дар ҳама ҷо мекушанд, лекин ба ин ваҳшонияте, ки дар Афғонистон мекушанд, дар ягон ҷои дунё нест. Боз як духтари 27-сола бечораи бекасу бепаноҳро куштаанд. Куштораш 4 соат давом кард, 4 соат ӯро дар майдон сангсор кардаанд, ҳукумат дар куҷо буд? Дар ин 4 соат президент дар куҷо буд? Сарвазир дар куҷо буд? Пулисҳо дар канор истода, тамошобин буданд. Садҳо нафар дар гирду атроф тамошо карданд. Як бечора духтарро калтаккӯбӣ карданд, аз болои бом партофтанд, аз болои ҷасадашон мошин гузаронданд, баъди ин боз сӯзонданд. Ин воқеа 4 соат давом кард, касе нагуфт, ки эй мардум шумо чӣ кор мекунед, ин чӣ гап аст? Боз дар маркази шаҳр. Ҳама тамошобин.

“Озодагон”: Шумо, ки мусоҳибаи Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро хондаед, медонед, ки сафир шеъри наватонро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хондааст ва бо зикри он, ки Шумо “марг бар Афғонистон” гуфтаед, хостори муҳокимаатон шудааст?

Бозор Собир: Бале, ман бар инам. Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам.

“Озодагон”:
Ҷаноби сафир мегӯянд, Шумо уқда, ё худ мушкилоти таърихие бо Афғонистон доред, ки ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафидед ва онро ифшо кардед?

Бозор Собир: Ман ягон мушкил бо Афғонистон надорам, лекин медонам, ки носолимиҳо дар он ҷо зиёданд. Афроди динзадаи ақибмондаи террорист дар сартосари Афғонистон ҳастанд. Ман боварӣ дорам, ки ҳамин экстремистҳое, ки Фархундаро куштанд, маҳз тоҷикони Афғонистонанд. Боварӣ дорам, ин корро ҳатто паштую узбакҳо намекунанд.

“Озодагон”: Дар пайи нашри ин шеъратон, ки ба Фархунда бахшида шудааст, на танҳо сафири Афғонистон, балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ иддао пеш гузоштаанд, ки Шумо ҳамчун шоири миллат боре ҳам барои қатл ва “сарбурӣ”-и ҷавонони тоҷик дар Русия садо баланд накардаед?

Бозор Собир: Дурӯғ, дурӯғ, дурӯғ. Ман дар ин бора чандин бор навиштагиям. Нахондаанд. Ҳатто ҳамин хел навиштам, ки ин кори саҳюнистҳо аст. Ҳамин кушторҳое, ки шумо гумон мекунед, миллатгароҳои рус мекушанд, не. Инҳоро созмонҳои саҳюнистӣ мекушанд.

“Озодагон”: Инчунин шеъри нави шуморо “як шиорпартоӣ”-и сиёсӣ гуфтаанд. Он давоми сиёсати исломситезӣ, ки ба мақомоти Тоҷикистон нисбат дода мешавад, нест? Оё ягон ангезаи сиёсӣ дорад?

Бозор Собир: Не, ягон чӣ, на ангеза ва на ғаразҳои сиёсӣ дорад. Ягон ғарази миллию миллатчигӣ надорад. Мустақиман фоҷиаи ҳамон духтари бечора аст.

“Озодагон”: Бархе шеъри наватонро аз нигоҳи адабӣ низ мавриди интиқод қарор додаанд ва гуфта мешавад, ба пояи он шеърҳои қаблиятон нест. Баҳои худи шумо ба ин шеър дар муқоиса бо шеърҳои қаблиятон чӣ гуна аст? Аъло, хуб, миёна?

Бозор Собир: Ман инро нишаста ҳунармандӣ накардам. Инро аз ҳамон воқеа бардоштаам. Шоирӣ накардаам, санъатҳои бадеиро накофтам, аммо то ҳадди имкон талош намудам, ҳамон фоҷиаро тасвир кунам.

“Озодагон”: Шумо мегӯед, “Эй ниёгонҷӯён” ва идома медиҳед, ки ин аст, ниёгони Шумо. Ин хитоб ба кист?

Бозор Собир:
Ин хитоб ба тоҷикон аст. Аз мақолаи охири ман “Падарони миллат” гирифта шудааст.

“Озодагон”: Дар шеъратон инчунин аз муллою асҳоб зикр кардаед. Онҳо ба қатли Фархунда чӣ рабт доранд?

Бозор Собир: Барои он, ки ҳамин муллоҳо, шайхҳо, охундҳо халқро фанатики дин карданд. Мардум дигар ғайр аз дину масҷид дигар ҳеч чизро намефаҳманд. Фаҳмидан ҳам намехоҳанд.

“Озодагон”: Сухани Иқбол, ки “айб дар Ислом нест, дар мусалмонии мост” чӣ мешавад?

Бозор Собир:
Ман ба ин чандон розӣ нестам. Ислом миллатро намешиносад, Ватанро намешиносад. Гузаштагони мо тарғиботчии калони Ислом буданд, аммо барои ҷамъият чизе наоварданд. Ягон касро на пӯшида кард, на сер. Ҳамон гадо гадо монду бой бой монд. Танҳо умеди хушбахтӣ дар он дунё, ки ин як найранги дигар аст.

“Озодагон”: Ҳамин шеваи гуфторҳои Шумо боис шудааст, ки дар бисёри доираҳо Шуморо атеист ном мебаранд. Албатта ин ҳаққи шумост, мо танҳо фаҳмидан мехостем, ки ин дуруст аст?

Бозор Собир: Бале, ман атеистам. Атеисти советӣ.

“Озодагон”: Фикр намекунед, ки баъзан ҳамин ошкоргӯиҳоятон як зарба ба боварҳои динӣ, нохунзанӣ ба ҳиссиёти диндорон мешавад?

Бозор Собир: Ман ба гӯру чӯби мардум кор надорам, лекин бо ифтротгароӣ дар Ислом сарукор дорам ва зидди онам.

Ин дар мусоҳиба дар ҳоле сурат гирифт, ки шеъри нави Бозор Собир, бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақиз, аз ҷумла норозигии сафири Афғонистонро ба вуҷуд овард. Ин шеъри тозаро Бозор Собир ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
Мухтарам Бозор Собир, шоири хакшиносу хакгуй эхтиёт шав ин фанатикхои Точикистон шуморо накушанд. Инхо мехоханд Точикистонро ба Афгонистон табдил диханд, вале халки озодаву фархангии Точикистон ба ин рох нмедихад. Солхои 90-ум тирашон хок хурд!!!Ислом дини сулху дини акл аст. Мо намехохем исломи монанд ба Афгонистонро дошта бошем ва аз номи поки ислом инсонхои бегунохро сангсор кунем!!

Saif
Кумитаи дин, муфтиёт ва донишкадаи исломи! Ку бинем ягон вокунише хаст аз чониби шумо, вакте ки исломи азизро атеисте паст мезанад??? .... Охир шумоён ба кавле хомии ислом хастед??!!!...

Чуракул
Худо хеч вакт шумо призиденти Точикистон нашавед,ки пагохаш чанг сар мешавад бо ин шеърхои бемаъният боз ба сари мардуми точик ягон балоро меори

Муродали
Салом Озодагон ма хохиш мекунам,ки хар як шеъру матнеки танкиди хар як давлат аст чоп нашаванд. як матал хастай Ба харе бор надори чи кор дори шукронаи АЛОХ ки мо дар як давлати тинчу осохишта нишаста шодумони дорем бинед ки хамин давлатхо моро танкид мекунанд ё на ма фикур мекунам хамин шеъру матнхои танкиди онкадар хусусияти хуб надоранд.....

СК
Агар ин хел шоирон,шоир мебудан дар вакти чанги шахрвани намегурехтан,меистодан ба катори дигар шоиро ватана дасгири мекардан....

Ахсан устод Бозор Собир сазои ин котилон хамин аст. На давлати Исломиашон маълум асту на диндориашону на мусалмониашон. Аз вакте ки Афгонистон давлати Исломи шудааст то хол дар он чо катлу куштору хунрезиву чанг рафта истодааст. Ин чи хел миллат аст???? Бояд дар Афгонистон як бомбаи атоми партофта шавад ки хамаи хамин проблемахои чахони тамом шавад

Агар Ман президент мешудам Бозор Собирхо барин демагогу хардамхаёл, пуку бемаъниро бардор-бардор намекардам. Мегуфтам: Бозорчик, чихеле ки дар бораи Фархунда навиштй чоплусй накарда, дар бораи чавонхое, ки дар Русиё сар бурида мешаванд, чизе навис! Чунки аз сухани президент дида сухани адиб ба чамеа ва ба дигар президентхо амиктар таъсир мекунад.

БА НАФАРОНЕ КИ ЗИДДИ БОЗОРАНД!!! Тарзи тафакури шумоён мисли тафакурри афғонҳои Фархундакуш РАДИКАЛИСТ. Шумо низ радикалед, барои он, ки бесаводед. Бозор Собир бо бехудоияш Инсонест бузург. Бо бехедуоии худ ба марги Фархунда ҳамчун як исон бархурд кардааст. Шумоён "худодорҳо" аз раҳму шафақат ҳатто буй намебаред. Ба Шумоён муяссар гардад Бозорро низ мисли Фархунда бе мулоҳиза мекушед. Шумо ҳамаги бар асоси қисаҳакои эшону муллоҳо мусулмонед, шумо ҳамма "ҚИССАМУСУЛМОНЕД". Шумо аз Қуръон ҳатто буй намебаред. Бехудоии Боззор миллионҳо бор аз худодории Шумо беҳтару хубтар аст. Олиму Шоир будан осон аст, ОДАМ будан душвор аст. Пеш аз Мусулмон, Христан Буддист будан Одам бояд аввал ИНСОН бошад. Шумоён ва 80 фоизи аҳолии Тоҷикистон бояд исломи худро аз нав "ОБНОВИТ" кунеду аз нав ИММОН биёред. Ба номи худои бузург Қасам Исломе ки Шумо доред куллан хаттост. Шумо МУШРИКОНЕД. Худованд дар ояти 22 сураи 88 (Ғошия) и Қуръони Пок барои Паёмбар мефармояд "ТУ БАР ОНҲО ФАРМОНРАВО НЕСТИ". Ҳатто Паёмбари Худо Фармонраво нест, Шумо бошед аз номи Худо гап задаву ба пешонаи ҳама муҳри Кофири мезанед ва ин кори Шумо ШИРК аст ва ШИРК бадтарин гуноҳ пеши худованд аст. Ягона гуноҳе ки худованд намеомурзад. ХУДОВАНД ШУМОРО БИОМУРЗАД.

Ин аслан инсон нест ё аз ин олам нест. Боз шоиру олим!!!!!!!!!!!! Хайф бар ту

Шумо аз асли гап бехабаред ва баъди 4-5 сол ба ин шоир ташаккур мегуед, вале аллакай дер мешавад. Афгонистон бо ДОИШ мехоханд, мамолики ОМ-ро низ ба хилофат дароранд ва забони арабиро бо шамшер ба точикон низ меомузанд. Забони точики нест карда мешавад, мисли забони форсии эронихо. Касе азхуд накунад е нахохад, сарашро аз тан чудо мекунанд. Барои хамин аввал бо шоир вохуред,матлаби аслиашро бифахмед, баъд хакорат кунед.

усмон
Бозор ифтихори миллати мост ва хакгуй аст. Номардону нимхомхо факат гапхои подархавои забонзад менависанд.
99%- шарххо нишонаи махдудияти саводи насли ба ном "доно"-и мост. Аз Ислом низ бехабарем, наздики Худованд дуруяги мекунем. Араб мо барин аблахоро ёфт ва худашш имруз дигар кор мекунаду мо куркурона сар дар замин мезанем.
"Коно"-гии моро ними дунё медонад. Дар худуди собик Шурави ва берун аз он сухане надорем, аз дасти мо гуломони асри 21 хеч чиз намеояд. Як васеътар фикр кунеду аблахсухани накунед111111111111111111

Панчакенти
Албатта дар шеъри устод эхсосот дида мешавад, лекин чизи асоси ин хуруши дили устод ба чохилияту бесаводи, хурофотпарасти ва акибмонии мардуми Шарк аст. Чанги афгонхо, ки зиёда аз 35 сол идома дорад, далел бар он аст, ки ин миллати чохилу хурофотист ва он тахаммулро намепазирад. Барои чунин суханхоро уфта тавонистан каме аз Даврон, мисли декабристхо,пеш гузаштан даркор аст. устод Бозор аз замони худ хелохо пеш рафтаанд ва инро фахмидани чохилон мушкил аст.

Умеда
ма хайрони аму одамое астм ки Собира паст мезанад, ва пушти одамкшора мегиран?? дар болои ин хдша мусулмон мегиран Хамин аст мусулмонии шумо? пас ай уда кофирии хаму Собир Хубтарай, зато росшмега наметарса Хтша бегуноху ё авлё наметароша Дигаровори !!!

куруш
бародарон бозор шеъри дуруст гуфтааст магар дарк накардед, ки у агарро якчанд бор истифода бурдааст яене агар мусалмони чунин аст агар афгонистон чунин аст ман хам аз бозор чонибдори мекунам

бозор собир атеистам ошад амма аз руйи одаму одмгари ва дину оин инкатл нобахшанда аст хакикатро хар кас гуфта наметавонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)