Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Раҳбарон дороиҳои худро ифшо мекунанд
Главная > Қазоқистон > Раҳбарон дороиҳои худро ифшо мекунанд

Раҳбарон дороиҳои худро ифшо мекунанд


29 май 2013, 12:15. Разместил: MG
Раҳбари вилояти Қазоқистони Ғарбӣ дар чорчуби иқдоми «Аз худат оғоз кун» дороии худро ошкор кардааст.

Иқдоми мазкурро ҳизби "Нур Отан" созмон додаст. Тибқи эъломияи пешниҳодкардаи Нурлан Ногаев ҳақмузди ӯ дар як моҳ 461 ҳазор танга, муодили 3073 доллар будааст. Вай падари панҷ фарзанд буда, дар ҳуҷраи хизматӣ зиндагӣ мекардааст.

Дар баробари раҳбари вилоят сарвари раёсати назорати нақлиёти мусофирбар ва роҳҳои мошингард Нурлан Беккайир ва раҳбари раёсати энергетикаи вилоят Мерган Магутов низ эъломияи дороии худро пешниҳод кардаанд. Даромади Нурлан Беккайир дар панҷ моҳи соли равон 1 323 977 танга (8826 доллар)-ро ташкил додааст. Моҳонаи ӯ 186 424 танга (1243 доллар) будааст. Магутов бошад, аз оғози сол 747 572 танга (4983 доллар) музд гирифтааст. Моҳонааш 149 979 танга (999 доллар)-ро ташкил медодааст.


Вернуться назад