Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Зайд Саидов гуфтааст, "ба шароити боздоштгоҳ мутобиқ мешавад"
Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов > Зайд Саидов гуфтааст, "ба шароити боздоштгоҳ мутобиқ мешавад"

Зайд Саидов гуфтааст, "ба шароити боздоштгоҳ мутобиқ мешавад"


7 июн 2013, 14:03. Разместил: administrator
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, танҳо баъд аз ҳашт рӯз тавонистааст нафари таҳти ҳимояташро дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният бубинад. Оқои Қудратов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин дидор дар рӯзи ҷумъаи 7-уми июн иттифоқ уфтод.

“Имрӯз (7 июн) тақрибан соати 13-00 бо муфаттишон вориди боздоштгоҳи муваққатӣ шудам. Аз сӯҳбати зерҳимояам маълум шуд, ки дар воқеъ муфаттишон низ аз 29-уми май инҷониб ба назди ӯ надаромадаанд”,-илова кард Қудратов.

Ба қавли ин вакили мудофеъ, Зайд Саидов ба ӯ гуфта, ки оҳиста-оҳиста ба вазъи нигоҳдории боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният мутобиқ мешавад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, “ҳарчанд аз муносибати масъулини боздоштгоҳ ҳеч шикояте накард, аммо гуфт, ки дарди меъдааш ӯро азият медиҳад.”

Шӯҳрат Қудратов афзуд, ҳоло ӯ ва дигар ҳамкасбонаш талош доранд, то парвандаи марбут ба Зайд Саидовро қатъ карда, ӯро аз боздоштгоҳ раҳо кунанд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “тамоми далелҳое, ки муфаттишон барои боздошти зерҳимояи мо ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ пешниҳод карданд, воқеият надорад”.

Дар акс: Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав ва вазири пешини саноат

Вернуться назад