Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Қудратов ба муфаттишон маъқул нашуд, ё ба Зайд Саидов?
Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов, Сиёсат > Қудратов ба муфаттишон маъқул нашуд, ё ба Зайд Саидов?

Қудратов ба муфаттишон маъқул нашуд, ё ба Зайд Саидов?


26 июн 2013, 13:09. Разместил: hd
Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният нигоҳдорӣ мешавад, аз хидмати яке аз вакилони мудофеаш, Шуҳрат Қудратов даст кашидааст.

Шуҳрат Қудратов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” аз ин изҳори бехабарӣ кард, аммо ба оҷонсии “Азия плюс” таъйид намудааст, ки “рӯзи 25-уми июн Зайд Саидов хабар дод, ки аз хидматҳои ман даст мекашад. Зерҳимояам гуфт, ки каме нороҳат мешавад, вақте ман барои ҳимояаш ба мавқеи ҷониби дифоъ якравӣ мекунам ва ин баъзан ба муфаттишон намефорад.”

Қудратов фарзан гуфтааст, ки Зайд Саидов аз хидматҳои ӯ таҳти фишори муфаттишон даст кашидааст. Айни ҳол ду вакили мудофеи дигар, Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров ба ҳимояи Зайд Саидов машғул мебошанд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд.

Вернуться назад